САДАМАИ ҚАЙРОҚУМ ТАКРОР НАМЕШАВАД?!

Иҷтимоъ 07.02.2009 14:39

САДАМА ТАКРОР НАМЕЁБАД?

Бар асари садамае, ки шаби 13-ум бар 14-уми январ дар ниругоҳи барқии обии "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Қайроққум рух дод, сӣ фисади аҳолии Суғд бебарқ монданд. Шабу рӯзи садама намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон карданд, ки то бартараф гаштани садамаи техникӣ ба аҳолии шаҳри Хуҷанд якунимсоатӣ барқ дода мешавад ва дар баъзе минтақаҳо барқ тамоман интиқол дода намешавад.

Мушаххасоти ҳодисаро чанде дертар масъули идораи "Барқи тоҷик" Мӯъмин Тошматов шарҳ дода баён кард, ки садама дар қубури обгузари агрегати шашуми ниругоҳ рух додааст. Сарпӯши оҳанини он, ки беш аз 53-сол ба мардум хизмат карда буд, вайрон шуда хавфи тамоми таҷҳизоти ниругоҳ зери об монданаш мавҷуд буд. Мутахассисон дар муддати 12-13 соат корҳои таъмирро ба сомон расониданд. Ба гуфтаи Мӯъмин Тошматов ин садамаи сабук буд, ки саривақт пеши роҳаш гирифта шуд. Акнун панҷ агрегати ниругоҳ дар як шабонарӯз ба миқдори ҳафтоду панҷ ҳазор киловатт соат барқ истеҳсол мекунад. Ба саволи ин ки оё кафолат медиҳед садама дар ниругоҳи Қайроққум бори дигар такрор намешавад, ӯ гуфт, ки алҳол барои бартарафкунии садама ситоди махсус созмон дода шудааст. Мутахассисон ҳамвора мекӯшанд, ки дигар садамае дар ниругоҳ сар назанад.

Барои таъмир кардани ниругоҳ ҷараёни оби ба Сирдарё мефаромада муваққатан боздошта шуд. Сатҳи оби дарё хеле паст фаромад ва акнун манзараи камобии дарёи Сир ҷои тамошои мардум гардид. Дар ҷойҳое, ки сатҳи оби дарё камтар буд, ҳатто бачаҳои шӯху бебок ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, пиёда дарёро убур карданд. Охир ин гуна имконият ҳар рӯз даст намедиҳад, ки дарёро пиёда гузаранд.

Мардуми оддӣ аз кам интиқол гаштани қувваи барқ гарчанд мушкилӣ кашиданд, лекин шукр доштанд, ки вазъият мисли порсола нест. Кам бошад, ҳам барқро дода истодаанд.

КАМОБӢ САБАБИ КОҲИШИ НИРУИ БАРҚ

Дар маҷмӯъ, соли 2008 дар вилояти Суғд 487 миллион киловатт соат барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2007 26,5 фисад камтар мебошад. Сабаби чунин ранг гирифтани ҳолро Мӯъмин Тошматов аз камобӣ медонад. Дар мавриди пардохти маблағи барқи истифодабурдашуда дар соли 2008 ӯ гуфт, ки 81,3 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки он баробари 67,9 фисад аст ва аз нишондодҳои соли 2007 33,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар мавсими зимистон меъёри истифодабарии барқи моҳона ба вилояти Суғд 4 миллион киловатт соат муқаррар гаштааст, ки нисфи онро ниругоҳҳои маҳаллӣ истеҳсол мекунанд. Боқимонда аз Узбакистон ворид мешавад. Талаботи воқеӣ ба қувваи барқ 11 миллион киловатт соат мебошад. Дар мавриди интиқоли қувваи барқ аз Туркманистон Мӯъмин Тошматов арз дошт, ки алҳол хати транзитӣ таъмир мешавад ва баъди ба ифоқа омадани қарордод давлатҳо беҳтар гаштани вазъи интиқоли барқ аз эҳтимол дур нест. Ба ҳар ҳол дар ҳоли ҳозир аз захираҳои дохилӣ истифода бурда ба вилоят қувваи барқ дода мешавад.

НИРУГОҲҲО БОЯД БОЗСОЗӢ ШАВАНД

Ниругоҳи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Қайроқум яке аз манбаъҳои қувваи барқ дар вилояти Суғд аст. Он кайҳо ба таъмири кулӣ ва ё худ таҷдид ниёз дорад. Инчунин обанбори назди ниругоҳ аз регу лойқа пур шудааст, ки наметавонад оби барои тавлиди барқ лозимаро захира кунад. Мутобиқи ҳисоби пешакии мутахассисон танҳо барои таҷдиди ниругоҳи Қайроққум ҳадди ақал 25 миллион доллари амрикоӣ маблағ лозим аст. Ба гуфти Мӯъмин Тошматов ҳуҷҷатҳои лозима аз тарафи ширкати "Барқи тоҷик" омода гаштааст. Ба ҳар ҳол 25 миллион доллар ин ҳисоби пешакӣ аст ва барои таҷдид мумкин аст аз ин ҳам бештар маблағ сарф гардад. 65 миллион доллари амрикоӣ- барои таҷдиди пурраи ниругоҳ лозим аст, шарҳ дода гуфт Мӯъмин Тошматов. Ин ки маблағро кӣ медиҳад, давлат ва ё сармоягузорони хориҷӣ, ҳанӯз дар ҳоли баррасист. Ниругоҳи номбурда соли 1956 ба истифода дода шуда ва дар муддати беш аз ним аср бозсозӣ нагардидааст ва танҳо таъмири ҷузъӣ ва ё бархе аз таҷҳизоти фарсуда иваз шудааст.

Бозсозии ниругоҳи Қайроқум агар ба зудӣ амалӣ нагардад, касе кафолат дода наметавонад, ки маротибаи дигар дар он садамаи техникии ҷиддитаре рух намедиҳад. Ин дафъа садама "сабук" буд, вале агар садама "вазнин" шавад, чӣ?


©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97