|
|
|
|
|
Фаррухи Қосим, ҳунарманди маъруф ва коргардони театри "Аҳорун", шоми рӯзи якшанбеи 7 феврал дар синни 62-солагӣ олами фониро падруд гуфт. Ин ҳунарманд солҳои зиёде аз бемории сактаи мағзӣ ранҷ мебурд. Фаррухи Қосим дар соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони театр ва синамо, Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова, ба дунё омад ва аз он замон сарнавишти худро бо театр пайваст. Фаъолияти ҳунарии ӯ дар театри Лоҳутӣ оғоз шуд.
Идома |
Интихобот ба Парлумон-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ наздиктар мешавад ва сари ҳар қадам, ба вижа дар расонаҳои хабарӣ гузоришу мусоҳибаҳо бо сарварони аҳзоби мавҷуд ба чашм мерасад, ки ин гувоҳ аз маъракаи пураҳаммият будани интихобот аст. Боиси тазаккур аст, ҳар ҳизбе, ки дар ин интихобот вакил пешниҳод карда аст, мекӯшад ва хоҳони он аст , ки худро бо ҳар воситае набошад миёни интихобкунандагон бишиносонад, то намояндааш дар мақоми вакилӣ пазируфта шавад. Дар ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки: чаро мо, минҷумла намояндагони ин ҳизбҳо танҳо ҳангоми интихоботҳо пайдо мешавему мехоҳем, ки моро шинохта кунанд ва ба вакилӣ бипазиранд?!
Идома |
|

Сиёсат |
|
|
|
|
|
АВВАЛ САҲМИЯ БАЪД ИНТИХОБОТ
Гарчанде як мавзӯйи асосии расонаҳои мустақили кишвар сабқати интихоботи парлумонии кишвар ба ҳисоб равад ҳам, аммо дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон дар байни мардум фикру андешае оид ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ шунида намешавад. Ё ба гуфтаи як нафар аз собиқ аъзоёни Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон бобои Кароматуллоҳи нафақагир, маъракаи фурӯши саҳмияҳо мисли боде дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзро аз хотираи мардум рӯфтааст. Имрӯз мардум роҳҳои дарёфти маблағ барои харидории саҳмияҳоро ҷустуҷӯй доранд.
Ҷамолиддин УСМОНИЁН 2010-02-06 Миқдори нигориши мақола: 43
|
| | |
|
|
ҶИНОЁТИ КАЛСАРҲО ВА МИЛИСА ДАР РУСИЯ
Тоҷик беҳушу беёд дар ҳавои ниҳоят сард болои замин афтода буд. Садои бонги: "Русия - барои русҳо!" ва "Челни ҷойи бегонагон нест!" ба гӯш мерасид ва ҷасади тоҷики афтода бо сахттарин шаттаҳо латукӯб мешуд. Ин ҳодисаи нангин дар Маскаву Питер, ки дар онҷо фашистони нав ба ҷинояткорӣ одат кардаанд, рух надодааст. Ин ҷиноят дар шаҳри Челни ба вуқӯъ пайваст (муаллифи ин хабар блоггер Ленар Батиршин аст, batyrshin@chelnyltd.ru, 26.11.2009). Нақли Батиршин бад-ин минвол мебошад: "Соати нуҳу ними бегоҳӣ се донишҷӯйи тоҷик бо миқдоре маҳсулоти ғазоӣ дар роҳ ба хобгоҳашон мерафтанд, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Турко ДИКАЕВ 2010-02-05 Миқдори нигориши мақола: 108
|
| | |
|
|
АБДУЛЛО ҲАБИБОВ: БАҲМАНМОҲ БОЯД БАҲОИ ВОҚЕЪӢ БИГИРАД
Вақте амр қонунро иваз мекунад… Унвони китобест, ки ба хотираи қурбониёни баҳманмоҳи хунин бахшида шудааст. Дар 20 умин сол аз гузашти воқеоти хунини феврали соли 1990 Бунёди ҷамъиятии Дӯстони Русия рӯзи 2 феврал дар шаҳри Душанбе ин китобро, ки маҷмуъи мақолоти шоҳиди аслӣ ва яке аз онҳое, ки хукумати вақт хост барои рӯпуш кардани заъф ва иштибоҳоти худ ӯро ҳам қурбони дасиса кунад, генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибовро дар бар мегирад, муаррифӣ кард.
«Миллат» 2010-02-03 Миқдори нигориши мақола: 85
|
| | |
|
|
|
|

Иқтисод |
|
|
|
|
|
КОР НАКАРДАНИ "ТОҶИК АЗОТ" БА МАНФИАТИ КИСТ ё ки Эмомалӣ Раҳмонро "ҳалуки" иқтисодӣ меандозанд?!
Шабакаҳои телевизионии кишвар баъзан вақти тамошои бинандаро бо маросимҳои ба кор таъминкунии се чор нафар шаҳрванд ё худ "лента"-буриҳои ягон дукони навташкил ҳам сарф мекунанд. Аммо аз бекор мондани беш аз 600 нафар коргарони корхонаи "Тоҷик Азот"-и шаҳри Сарбанд расонаҳои ҳукуматӣ, бахусус телевизион хомӯширо авло донистаанд. Чаро? Акнун мардум ҳам аз фаъолияти расонаҳои ҳукуматӣ норозигӣ баён мекунанд, ки чаро мавзӯъҳои доғи ҷомеаро камтар мегӯянд, дар нисбат ба он ки бештар ба тараннуми ҳукуматдорон машғуланд?
Ҷамолиддини УСМОНИЁН 2009-12-08 Миқдори нигориши мақола: 172
|
| | |
|
|
ИНҚИЛОБИ БЕРАНГИ ҲУКУМАТ
Ё оё масъулини соҳаи кишоварзӣ ва меҳнаткашони рустои Тоҷикистон ба ислоҳоти навбатии соҳаи кишоварзӣ омода ҳастанд?
КОЛХОЗВАЙРОНКУНӢ - ИШТИБОҲИ
СОБИҚ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ
Ташкили ноодилонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз ҳисоби саҳмияи мардум буду нафъи он ба нафарони ҷудогона мерасид, дар марҳилаи аввал деҳқонро ноумеду заминҳоро зери қарз ғуттавар сохт. Баъдан эътирозҳои гӯшакии мардум то ба марказ расид…
Ҷамолиддини Сайфиддин 2009-10-19 Миқдори нигориши мақола: 296
|
| | |
|
|
ҲАЛҚАҲОИ "ЗАНҶИРАИ ИҚТИСОДӢ" ТАВАҚҚУФ МЕКУНАНД
Ё чаро "арконҳои миллӣ" хомӯшанд?!
Дар ҳоле ки бузургтарин ширкату корхонаҳои ҷаҳонӣ аз таъсири бӯҳрони молӣ садо баланд мекунанд, аммо дар Тоҷикистони аҷоиби мо соҳибкорону олигархҳои ватанӣ гӯиё, ки вазъи иқтисодиашон хеле олӣ бошад, ёде ҳам аз бӯҳрони молӣ намекунанд. Ин дар ҳолест, ки қарзҳои нӯҳрақамаи андозсупорандагони вилояти Хатлон дар ҳисобкунакҳои нозироти андози вилоят рӯ ба афзоиш дорад.
Ҷамолиддини УСМОНИЁН 2009-09-25 Миқдори нигориши мақола: 265
|
| | |
|
|
|
|

Фарҳанг |
|
|
|
|
|
СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ!!! ЯЪНЕ ЧӢ?
ДЕБОЧА
Дар пиндори аксари онҳое, ки аз соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълом шудани соли 2010 ҳамеша шоирона ва фаротар аз биниши амалӣ гап мезананд, як ақида гардиш мехӯрад, ки гӯё дар ин сол тамоми мушкили соҳаи маорифи кишвар ҳал мешаванд. Ва ҳамаи ин дар ҳолест, ки маориф дар Тоҷикистон аз соҳаҳои сермушкил ба ҳисоб меравад ва дар зарфи наздик ба бист соли истиқлол он ҳамеша ба сӯйи поин майл кардааст то ба сӯйи рушд. Мавҷудияти чунин муаммо дар шароите вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон наметавонад бидуни рушди илм ва маориф ба комёбиҳоие бештар даст ёбад.
Иршод СУЛАЙМОНӢ 2010-02-04 Миқдори нигориши мақола: 84
|
| | |
|
|
ГИМНАЗИЯИ «ҲОТАМ ВА П.В.» СОЛИ ИЛМ ВА ФАНОВАРИРО ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИД
Дар оғози Соли илм ва фановарӣ донишомӯзони Гимназия-Интернати Тоҷикистону Русия дар олимпиадаи байналмилалӣ миёни мактабҳои физикӣ ва риёзии ҷаҳон, ки аз 11 то 17 январ дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, парчами Тоҷикистонро бо дониши худ боло карданд ва гимназияи мазкур ба шумули 7 мактаби беҳтарини физику риёзии ҷаҳон ворид гардид.
2010-01-19 Миқдори нигориши мақола: 458
|
| | |
|
|
ДАРЕҒО, КИ САЙДАРРО ГУМ КАРДЕМ
Дар оғози соли нави милодӣ аҳли қалам ва андешамандони тоҷикро Муҳаммадраҳими Сайдар бо рафтани ногаҳону нобаҳангомаш дар ғам нишонд. Дар фурудгоҳи Душанбе фарҳангиёну адибон ва рӯзноманигорони тоҷик, тобути ӯро бо ашки чашм ва дили ғамбор истиқбол карданд. Муҳаммадраҳими Сайдар, нависандаи хушсалиқа ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, гӯяндаи рози ниёзи яку ним миллион муҳоҷири тоҷик, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд, ки рӯзи 3 январи соли 2010, бар асари бемории диабети қанд дар синни 57-солагӣ дур аз ватан дар яке аз бемористонҳои шаҳри Тулаи Русия ҷон дод.
2010-01-07 Миқдори нигориши мақола: 91
|
| | |
|
|
|
|

Иҷтимоъ |
|
|
|
|
|
НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ ШАҲРӢ НАШУД, ЧАРО?
АСРОРИ ИН РОҲРО НА ТУ ДОНИВУ НА МАН…
Дирӯз ва ҳам имрӯз дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон нақлиёт яке аз проблемаҳои муҳим барои мардум ба ҳисоб меравад. Дар замони Шӯравӣ нақлиёт, ба хусус нақлиёти шаҳрӣ бо як танзими вижа ба ҷойҳои муайяншуда ҳаракат мекард. Вале мутаассифона бо шикасти Шӯравӣ анъанаҳои неки он ҳам бар шикаст мувоҷеҳ шуданд ва аз байн рафтанд. Бенизомӣ дар бахши нақлиёти шаҳрӣ ҳеч низом наёфт. Агарчӣ шаҳрдорӣ дар таъмини суботи шаҳри ҷангзада даст ёфт, аммо аз чи сабаб аст, ки талошҳояш бар дасти пурзӯри нақлиёт коргар нашуд.
Зарини МУХТОРЗОДА 2010-02-01 Миқдори нигориши мақола: 52
|
| | |
|
|
ШЕРИ РОҲ КУҶО ШУД?
Бештари мардуми пойтахт, хоҳ ронанда бошад, хоҳ пиёдагард, ӯро мешиносанд. Нозири роҳе бо мӯйлабҳои дароз ва маҳорати хуби идораи ишорачӯб, ки дар барфу борон ва гармову сармо дар роҳҳои шаҳри Душанбе адои вазифа мекард. Воқеан ҳам аз ӯҳдаи кораш ба хубӣ мебаромад. Ҳар вақт чароғакҳои роҳ аз кор мебароянд ва ё аз роҳҳои серодаму сермошин чун маҳаллаи Садбарг, Шоҳмансур, Саховату Султони Кабир мегузарам ба ёдам он нозири роҳ мерасад ва ба худ мегӯям; "кош нозири роҳе мебуд, ки ин тӯдаи мошину одамро назорат карда, ба тартиб медаровард" ва ҳатман ба ёдам он милисаи хушбурут мерасад.
Шаҳнози КОМИЛЗОДА 2010-01-22 Миқдори нигориши мақола: 208
|
| | |
|
|
МАРДИ ТОҶИК АРОБАКАШУ "БАЧА" ШУД. ЧАРО?! ё бадбахтии муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия
МАШАҚҚАТИ ТОҶИК ДАР МУҲОҶИРАТ
Меҳнати сангин ва азобу машаққати тоқатфарсои теъдоди зиёди муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба гунаест, ки таҳаммули он барои дигар ақвому миллатҳо ба гумон аст. Ба иловаи ин тақрибан ҳар ҳафта дар матбуот хабари нохушу дилхароше дар бораи қисмати талхи ватандорони муҳоҷирамон мехонем. Ба монанди; тоҷикеро саркале, ё милисае, ё тоҷики дигаре кушт, тоҷикеро "кидат" карданд, тоҷике зери ароба монд, тоҷике аз ошёнаи баланди сохтмоне афтод, 35-40 тоҷикро аз Маскав депортатсия (ихроҷ) карданд…
Аъзамшоҳи ФАҚИР 2010-01-21 Миқдори нигориши мақола: 143
|
| | |
|
|
|
|

Забон |
|
|
|
|
|
ДАР ҲАЛҚАИ ҲАММИЛЛАТОН
БОЗӢ ВА ШӮХИҲОИ ТАҚДИР
Фалахмони тақдир ба дасти тирандози моҳир расид ва он чунон партофт, ки ба шаҳри бузурги Алмаатои мамлакати доманадори Қазоқистон афтидам. Пас аз анҷоми корҳо ду рӯзаке холӣ ёфтам ва фикре ба сарам зад, ки ба вилояти Чимкенти (Шимкент) Қазоқистон равам. Сабаб ин буд, ки соли 2005 нашриёти "Жазуши"-и Алмаато "Алифбо" ва "Забони модарӣ" барои синф яки маро чоп карда буд. Хабар доштам, ки ин китобҳо дар мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикии ин вилоят татбиқ мешавад. Хостам, фикру мулоҳизаҳои муаллимон, хонандагон ва падару модаронро бифаҳмам, то ки дар нашрҳои минбаъда тағйиру иловаҳо ворид созам.
М. ЛУТФУЛЛОЗОДА 2010-02-03 Миқдори нигориши мақола: 34
|
| | |
|
|
МУҲАММАДРАҲИМИ САЙДАР ДАРГУЗАШТ
Дод зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Дӯстони маро зи ман якояк бирабуд…
Дӯсти донишманд ва ҳампешаи мо Муҳаммадраҳими Сайдар, шоми 3 январи соли 2010 дар синни 57-солагӣ ҷаҳони моро падруд гуфт. Муҳаммадраҳими Сайдар, ки аз бемории диабети қанд азият мекашид, дар яке аз бемористонҳои Русия аз дунё чашм пушидааст. Ҳайъати эҷодии нашрияи «Миллат» ин андӯҳи гаронро барои миллати тоҷик таслият арз мекунад.
2010-01-04 Миқдори нигориши мақола: 118
|
| | |
|
|
ГУРЕЗ АЗ "ФОРСӢ" - НОТАВОНИИ ТОҶИКӢ
Ё умед аз Додихудо Саидмиддинов барои поксозии забон ва ҳамгунсозии вожагон
ИМПЕРИАЛИЗМИ ЗАБОН
Бо тадвини нави Қонуни забони тоҷикӣ хушгумонон бар он боваранд, ки дигар акнун забон ба ҷойгоҳи зарурии худ бароварда шудааст, дигар каҷзавқону каҷандешон наметавонанд ба забони ошуфта, ошуфтагиҳои нав ба бор оваранд ва дигар метавон дар рӯёрӯи истилогарони забонӣ ва аҳримани ҷаҳонишавӣ муқовимати шоиста кард.
Зафар МИРЗОЁН 2009-12-24 Миқдори нигориши мақола: 132
|
| | |
|
|
|
|

Адабиёт |
|
|
|
|
|
ВИРУСИ ХАТАРНОКИ FP-69
ҶУДОӢ
- Ҳамсояҷон, хайрият сагатонро нест кардед - гуфт Асадбек ба ҳамсояи наваш.
- Ман саг надоштам, бо ҳайрат гуфт ҳамсоя.
- Як сол боз дар дари ҳавлиатон лавҳаи "Эҳтиёт, саги бадҷаҳл" овехта буд?
- Ҳа фаҳмидам. Ман ду рӯз пеш аз занам ҷудо шудам!
Наҷмиддини ШОҳИНБОД 2010-01-23 Миқдори нигориши мақола: 115
|
| | |
|
|
РӮҲАТ ШОД БОД, МУҲАММАДРАҲИМИ САЙДАР
20-уми январ адиб ва рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадраҳими Сайдар 58-сола мешуд. Агарчанде ӯ имрӯз дар байни мо нест, ёди ӯ барои ҳамеша дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд. Равонаш шоду фирдавси барин ҷояш бод!
…Вале гар мурдагонро ёд н-орем,
Яқин дон мурдатар аз мурдагонем.
То замоне ки мо аз гузаштагон ёд мекунем, онҳо бо моянд ва зиндаанд. Аз Муҳаммадраҳими Сайдар ёдвораву ангораҳо ҳама дардолуданд.
Бӯрӣ КАРИМ, Абдулқодири АЛАВӢ, Шамсияи ДАРЁ 2010-01-21 Миқдори нигориши мақола: 50
|
| | |
|
|
ШОҲИНБОД ВА СИТОРАҲОИ ХУҶАНД
АБДУҒАФУР САМАДОВ ДАР ГӮШИ
КАРИМ АБДУЛОВ ЧӢ ГУФТ?
Пеш аз Иҷлосияи 16 -и Шӯрои Олӣ деҳқонподшоҳи Осиёи Миёна Абдуғафур Самадов дар шифохонаи физиотрапевтӣ табобат мегирифт. Табибон фонедоскопро аз дили Раис ва Раис фонедоскопи сиёсиро аз дили ҷомеа намебардошт. Тавассути одамонаш ҳар замон маслиҳат медод. Аксари муаррихону сиёсатмадорон саҳми Абдуғафур Самадовро дар ташкили Иҷлосия сарфи назар намуданд. Ба назди Раисбобо марҳумон Сафаралӣ Кенҷаев ва Раҳмон Набиев омаданд. Раис вақти қабули онҳоро муайян кард.
Наҷмиддини ШОҲИНБОД 2010-01-11 Миқдори нигориши мақола: 151
|
| | |
|
|
|
|

Варзиш |
|
|
|
|
|
ҲАМРАЪЙИИ «ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН» БО НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛ
Ахиран, чанд нашрияи мустақили Тоҷикистон вориди қазияҳои додгоҳӣ бо мақомот шудаанд. Вазорати кишоварзӣ аз болои «Миллат», се додраси Додгоҳи Олӣ аз болои «Азия-Плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ба додгоҳ шикоят бурдаанд ва «Пайкон» дуввумин набарди додгоҳии худро бар Тоҷикстандарт бохтааст. «Футболи Тоҷикистон» чунин мешуморад, ки мақомот ва мақомдорон набояд интиқод аз фаъолияти худро зери пардаи таҳқир ва бӯҳтон бипӯшонанд ва ба обрӯи кишвар бо маҳдуд кардани озодии баён латма бизананд.
2010-02-01 Миқдори нигориши мақола: 43
|
| | |
|
|
БЕҲТАРИНҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИК
Торнигори «Футболи Тоҷикистон» (www.footballtj.wordpress.com) барои дуввумин сол пайидарҳам Беҳтаринҳои футболи тоҷикро муайян намуд. Тӯли як моҳ хонандагони торнигор имкон доштанд, барои беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2009 аз нигоҳи худашон раъй бидиҳанд. Беҳтарин Бозигари Сол аз нигоҳи хонандагони «Футболи Тоҷикистон» Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») ва Дилшод Восиев «(Истиқлол») гардиданд. Дилшод Восиев бо таҷрибаи аз Арманистон андӯхтааш ба «Истиқлол» омаду, ба яке аз муҳаррикони «Истиқлол» табдил ёфт.
2009-12-31 Миқдори нигориши мақола: 82
|
| | |
|
|
10 ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2009
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2009-ро муайян кард. Ба иттилоъи раиси ин Ассотсиатсия Нарзулло Латифов дар назархоҳӣ беш аз 60 хабарнигори соҳа ширкат карданд. Бар асоси назархоҳӣ ба рӯйхати беҳтаринҳо намояндагони 9 риштаи варзиш дохил шуданд, ки инҳоанд: Далер Сайфиддинов (Душанбе) – қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба таеквон-до ITF дар вазни то 78 кг дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия.
2009-12-25 Миқдори нигориши мақола: 1045
|
| | |
|
|
|
|

Ҷаҳон |
|
|
|
|
|
СУЛТОН КАРЗАЙ Обама «Султони Афғонистон»-ро таъин кард
Комиссиюни интихоботии Афғонистон, Ҳомиди Карзайро ба унвони раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб кард. Комиссиюни мазкур вақте чунин тасмим гирифт, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби Ҳомиди Карзай аз ширкат дар интихоботе, ки қарор буд, рӯзи 7 ноябр баргузор шавад даст кашид.
Р. ДАВЛАТ 2009-11-09 Миқдори нигориши мақола: 292
|
| | |
|
|
МОЛДОВА: НАЗАРЕ БА ИНТИХОБОТ ВА ЗИНДАГИИ ҲАМАРӮЗА
САФАР
Ҳар гоҳ ба кишваре ва ё манотиқи ноошное сафар мекунам, ҳисси кунҷковӣ, омӯзиши ҳаёти он мардум маро фаро мегирад. Сахт диққат медиҳам, ки то кадом андоза сокинони дигар мамолик ба мо монанданд ва ё аз мо фарқ мекунанд. Қариб ҳамеша ба хулосае меоям, ки ба истиснои баъзе фарқиятҳо инсонҳо ҳамчун махлуқҳои бошуур бо тараддуду ташвишҳои ҳаррӯзаашон дар ақсои олам яксонанд. Баъзан бошад ҷузъиётеро дарк менамоям, ки дар пешравии он кишвар саҳми назаррас дошта метавонад.
Юсуф Маҳмадов, Қӯрғонтеппа 2009-10-17 Миқдори нигориши мақола: 191
|
| | |
|
|
ОЁ СОЗМОНИ "АЛ - ҚОИДА" ВУҶУД ДОРАД?
Дар посухи суол инро бояд қайд кард, ки барои баррасии фаъолияти як созмон лозим аст, ки нахуст собиқаи таърихии он мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирад ва баъдан самт ва ҳадафҳои асосии он мавриди омӯзиши илмӣ ва тадқиқотӣ қарор дода шаванд. Умуман ҳадаф ва мақсади таъсиси ҳар як созмон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъмини мақсад ва ҳадафҳои дарозмуддат ба ҳисоб меравад. Баррасии собиқаи тамоми созмонҳо нишон медиҳад, ки ба хотири ба даст овардани ҳадафҳои дарозмуддат, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсис дода мешаванд, ки ташкили ин созмонҳо сатҳ ва ҷойгоҳи кишварҳои муассисро баланд мебардорад.
Абдуллоҳи Қодирӣ сиёсатшинос 2009-10-03 Миқдори нигориши мақола: 235
|
| | |
|
|
|
|

Миллат ва ислом |
|
|
|
|
|
ИСЛОМ, ДЕМОКРАТИЯ ВА ИНТИХОБОТ
Яке аз масъалаҳои муҳимму калидӣ дар ҳаёти ҷомеаҳову давлатҳои ҷаҳон, ки маъмулан ва дар бисёр маврид сабаби падид омадани таҳаввулот, сиёсатҳо, равишҳо ва токтикҳои муҳимму тоза дар фазои сиёсии кишварҳову минтақаҳо ва ҳатто дар ҷаҳон мешавад, ҳамин масъалаи интихобот аст. Интихобот чӣ парлумонӣ бошаду чӣ президентӣ ва ё чӣ навъи дига, мутобиқи обрӯву ҳайсият ва нақшу аҳаммияту мавқеи ҳар кишвар дар ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тарафи атбои ҳамон кишвар ва мамлакатҳои дигар ва расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва байналалмилалӣ пайгирӣ мешавад.
Саъдӣ ЮСУФӢ 2010-02-03 Миқдори нигориши мақола: 59
|
| | |
|
|
РЕНЕСОНC ДАР ҒАРБ ЧӢ ПАЁМАДЕ ДОШТ?
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Мо аз мактабҳои мухталифе ваҳшат доштем вале пас аз диққати фаровон фаҳмидем, ки ин ҳама тарси мо беҷо аст, зеро мо аз яҳуд, ҷинси зард (Япония ва Хитой) ва хатари коммунизм метарсидем вале баъд фаҳмидем, ки тарси мо беҷо будааст, зеро яҳудиён дӯсти самимии мо ҳастанд. Бинобар ин душманони онон, душманони мост. Сипас дидем, ки Болшевикҳо (коммунистҳо) хампаймони мо гардиданд вале хатари ҳақиқӣ дар асоси ислом аст, дар нуфузи ислом дар пирузӣ ва дар зиндагии он аст. Ислом аст, ки сади хақиқии истеъмори аврупост".
Абдуллоҳи ҚОДИРӢ, сиёсатшинос 2010-02-02 Миқдори нигориши мақола: 54
|
| | |
|
|
ДИНИТАРИН СОЛ ё муҳимтарин таҳаввулоти динии Тоҷикистон дар соли 2009
Соле, ки сипарӣ шуд, ба назари ман динитарин сол дар ҳаёти баъд аз истиқлоли Ҷумҳурии мо буд. Зеро маҳз дар ин соли 2009 буд, ки давлати Тоҷикистон аз пушти пардаҳои дунявият чеҳраи динии худро ба ҳамагон намоён кард. Ин амалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соли бузургдошти Имоми Аъзам эълом намудани соли 2009 ва баргузор намудани симпозюми бузурги байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба нақши осори Имоми Аъзам дар гуфтугӯи тамаддунҳо анҷом дод.
Саъдии ЮСУФӢ 2010-01-30 Миқдори нигориши мақола: 69
|
| | |
|
|
|
|

Мусоҳиба |
|
|
|
|
|
АЗ ФАРМОНИ №69 ТО ФАРМОНИ №69 ЧӢ БОЯД КАРД?
Даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритус - пули болои дарёи Кофарниҳон ва калидчаи сеҳрноки Холмурод Раҳмонов. Рӯзе, ки мо озими ҳукумати ноҳияи Шаҳритус шудем, раиси ноҳия дар офтобаки саҳни ҳавлии ҳукумат бо боғбон саргарми сӯҳбат буд. Аз театри наздиктарини маркази ноҳия садои радио ба гӯш мерасид. Баъди аҳволпурсӣ мақсад аз омадани худро изҳор кардем. Раиси ноҳия низ вақти гузаронидани сӯҳбатро ба ихтиёри мо гузошт. Сӯҳбати мо дар сақни ҳавлии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус аз саволи ҷамъбасти сол оғоз шуд:
Ҷамолиддини УСМОНИЁН 2010-01-14 Миқдори нигориши мақола: 123
|
| | |
|
|
Муҳаммадалии ҲАЙИТ: МАН ОЗУРДА НЕСТАМ, МУБОРИЗАРО ИДОМА МЕДИҲАМ
(Мусоҳибаи ихтисосии "Миллат" бо Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон)
- Дар рӯйхати ҳизбӣ барои довталабӣ дар порлумон набудани исми шумо боиси ҳаргуна сару садо дар миёни ҷомеа шудааст. Бархе инро ҳатто пайдо шудани шикоф дар сафи ?НИТ унвон кардаанд. Оё ин нишони ақибнишинии ҲНИТ аз принтсипҳояш ҳаст ё нишони хастагии шахси Муҳаммадалии Ҳаит?
2009-12-28 Миқдори нигориши мақола: 140
|
| | |
|
|
Муҳиддин Кабирӣ: ДАР МОВАРОИ ТУНДРАВОНИ МАЗҲАБӢ ВА РЕЖИМҲОИ ХУДКОМА
Урупо аз Тоҷикистон дар баҳси об дифоъ мекунад,
агар ...интихобот шаффоф доир шавад
Дар шумораи гузашта гуфтем, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон ахиран бо даъвати Иттиҳодияи Урупо аз Брюсел ва Страсбург дидан ва бо мақомоти ин иттиҳодия, инчунин Шӯрои Урупо ва Комисиюни урупоӣ дидору мулоқот кард. Аммо қабл аз он, мегӯяд ӯ, як сафари ба истилоҳ илмие дошта ва дар ду донишгоҳи Ландан; донишгоҳи Оксфорд ва Егзетер ва Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалии Бритониё сӯҳбат ва суханронӣ кардааст. Идомаи гуфтаҳо, дидаҳо ва бардоштҳои Муҳиддин Кабирӣ аз сафари Урупо дар сӯҳбате бо Раҳматкарими Давлат
2009-11-13 Миқдори нигориши мақола: 247
|
| | |
|
|
|
|

Таърих |
|
|
|
|
|
ОНҲО ВАТАНХОҲ БУДАНД! Аз силсилаи "Босмачӣ кӣ буд? Ватанхоҳ ё хоин?"
ФИРОР АЗ ДАСТИ ХУДИҲО
Байни Шермуҳаммад ва Фузайлу Салимпошшо дар масъалаи ба чи тарзу усул идома додани мубориза алайҳи Артиши сурх баҳсу мунозираҳое сурат мегиранд, ки наздик буд ба даргирӣ бианҷоманд. Оқибат Шермуҳаммад қаҳр карда размандагонашро гирифта ба водии Вахё меояд. Дар ин ҷо ӯ ба эшони Султон аз ниятҳои бад ва нақшаҳои зидди Эшони Султон тарҳрезӣ намудаи Салимпошшо ва Фузайл Махсум нақл менамояд ва ба ӯ пешниҳод мекунад, ки якҷо ба Афғонистон ҳиҷрат карда, дар он ҷо каме ба худ омада баъд ба муборизаи хеш алайҳи ҳукумати шӯравӣ вусъат бахшанд.
Султони ҲАМАД 2009-07-04 Миқдори нигориши мақола: 768
|
| | |
|
|
АНҶОМИ АНВАРПОШШО Аз силсилаи "Босмачӣ кӣ буд? Ватанхоҳ ё хоин?"
АМИР ОЛИМХОН КАМФАЪОЛИЯТ БУД
Дар ҳамин китоб ва манбаъҳои дигар омадааст, ки Амир Олимхон ҳангоми дар Афғонистон буданаш низ бештар авқоти хешро ба дилхушиву майишат сарф мекардааст. Ҳатто ӯ худаш дар китоби ёддоштҳояш "Таърихи ҳузнулмилали Бухоро" дар бораи фаъолияти дар Афғонистон анҷомдодаи хеш чандон маълумоти зиёд надодааст. Ҳамин қадар гуфтааст, ки барои огоҳ шудан аз вазъияти Бухоро сари чанд вақт ба он ҷо одамони худро фиристода ба "Муллоиброҳимбек" ва дигар фармондеҳон дастуру фармонҳое медодааст.
Султони ҲАМАД 2009-06-29 Миқдори нигориши мақола: 780
|
| | |
|
|
ФУЗАЙЛ МАХСУМ ДАР АСОРАТИ ИБРОҲИМБЕК Аз силсилаи "Босмачӣ кӣ буд? Ватанхоҳ ё хоин?"
ҲАҚИҚАТРО КӢ ГУФТА МЕТАВОНАД?
Масалан, бо рафтанашон аз Душанбе русҳо ба Иброҳимбек гуфтаанд, ки ӯро ҳокими Ҳисор меҳисобанд ва танҳо бо ӯ мехоҳанд аз ин ба баъд иртиботи расмӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ Иброҳимбек чашми интизор дошт, ки дар Душанбе ва дигар манотиқ ӯро ҳам мардум ва ҳам фармондеҳони гурӯҳҳои дигари зиддишӯравӣ ҳамчун ҳоким бишносанд. Вале Анварпошшо бо такя ба мактуби амир Олимхон роҳбариро дар минтақа ҳаққи ҳалоли худ медонист. Барои ҳамин ҳам қароргоҳи русҳоро баъди рафтанашон маҳз ӯ мақари худ интихоб кард, ки ин боиси норизогии Иброҳимбек шуд.
Султони ҲАМАД 2009-06-24 Миқдори нигориши мақола: 853
|
| | |
|
|
|
|

Ҷавонони миллат |
|
|
|
|
|
БА ОМӮЗИШГОҲ РАВЕМ Ё БА «ЧЕРКИЗ»?!
Солҳои охир аксар хатмкунандагон ва ҷавонони мо рӯ ба донишгоҳу донишкадаҳо меоваранд ва ба омӯзишгоҳу колеҷҳои ҳунарӣ камтар таваҷҷӯҳ доранд. Дар донишгоҳу донишкадаҳо пули зиёд сарф карда, аксари он булҳавасҳо таҳсил мекунанду ягон савод нагирифта мераванд. Вале ба ин муассисаҳои таълимӣ қариб ҳама шавқу рағбати зиёд доранд. Ҳама мехоҳанд ӯро донанд, ки дар донишгоҳ мехонад, на дар омӯзишгоҳ. Довталабони мо бошад намедонанд, ки дар омӯзишгоҳҳо ҳарчӣ барвақттар соҳиби касбу ҳунаре мегарданд.
Шаҳбози АБРОР 2009-08-06 Миқдори нигориши мақола: 264
|
| | |
|
|
ЛОҲУТӢ: "ДИЛҲОИ ПОКИ ФАЪЛАВУ ДЕҲҚОН МАКОНИ МАН"
Хонандаи гиромии ҳафтаномаи дӯстоштании "Миллат", росташро мегӯям, он рӯзе, ки ба Шумо ваъдаи ба хона музеи устод Лоҳутӣ рафтанро дода будам, ҳанӯз ман суроғаи ин хона музейро намедонистам. Аз чандин нафар дӯстони наздику устодонам дар куҷо ҷойгир шудани хона музейи устод Лоҳутиро пурсидам, мутаассифона, касе ҳозир ба гуфтани суроғаи хона музеи устод Лоҳутӣ нашуд. Ба худ андешидам, ки шояд дар осорхонаи марказии кишвар, Осорхонаи миллии ба номи Беҳзод дар бораи дар куҷо ҷойгир шудани ин хона музей иттилооте ба даст биёрам. Зеро мантиқан чун Осорхонаи миллӣ осорхонаи марказист ва дигар осорхонаҳо бояд дар итоати он бошанд.
Сафаралӣ САИДШОЕВ 2009-06-10 Миқдори нигориши мақола: 318
|
| | |
|
|
ҚАБЛ АЗ ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНД БА САРНАВИШТИ Ӯ БИАНДЕШЕД!
Мусоҳиба бо Рукатмоҳ Мегниева модари беш аз 100 тифл
Хонаи кӯдакони то синни мактабии №1- шаҳри Душанбе аз соли 1967 бо қарори иҷроияи депутатҳои шаҳр таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар ин ҷо 115 кӯдак тарбия мегирад, ки синну соли онҳо аз 4 сола то 7 соларо фаро мегирад. Аз рӯйи синну сол онҳо ба 10 гурӯҳ ҷудо шудаанд. Аз ин 10 гурӯҳ 1 гурӯҳи онҳо, ки 8 нафарро ташкил медиҳанд, аз ҷиҳати рӯҳӣ, яъне алигафрим қафомонда мебошанд. Дар рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мо ба ин даргоҳ омадем. Сӯҳбати ихтисосие бо сарвари хона интернат, Мегниева Рукатмоҳ Қаландаровна оростем, ки пешкаши шумо мекунем:
Мусоҳибаи Шабнам ва Заррина 2009-05-30 Миқдори нигориши мақола: 326
|
| | |
|
|
|
|
|
|
|
|