Мирзошо ВАТАНШО: ТОШМУҲАММАДОВ,ЧАРО ҚАҲРАМОН НАШУД?

Таърих 31.12.2008 14:46

Имрӯз, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Доғ¬ҳои сиёҳ"-и таърих равшан мешаванд, ба хидматҳои фарзандони арзандаи миллат арҷ гузошта мешавад ва адолати таърихӣ барқарор мегардад. Умед аст, ки садсолагии Мастибек Тошмуҳаммадов имкону асосе хоҳад шуд, ки ба хизмати ин шахсият махсусан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тарбияи ҷавонон бо назардошти далелҳо ва аз диди имрӯз баҳогузорӣ шавад.

МАРДЕ ХУШСУРАТУ ХУШСИРАТ

Ӯ марде буд фозилу ҷаҳондида, росткору ростқавл, хоксору ботамкин, хушсирату хушсурат. Намедонам боз чӣ фазилатҳои неки инсониашро ном барам. Бидуни муболиға ҳама гуна таърифу тавсиф ва ҳама гуна ситоиш дар ҳаққи ӯ равост.

Мастибек Тошмуҳаммадов зодаи деҳи Миденшори мавзеъи Поршиневи Бадахшон буда, 24 декабри соли 1908 ба дунё омадааст.

ДИЁРИ МАРДОНИ БУЗУРГ

Зимнан, аз мавзеи Поршинев бисёр шахсиятҳои маъруфу машҳури ҷумҳурӣ баромадаанд. Шахсияти ба ҳама маълуму машҳур ва маъруфи ҷумҳурӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, шахсияти дигари шинохтаи олами сиёсат ва илми ҷумҳурӣ Моёншо Назаршоев, донишмандони маъруф, академик Баҳодур Искандаров, докторҳои улум Раҳим Додихудоев, Хаёлбек Додихудоев, Мамадёр Мамадназарбеков, Усмон Холдоров, Султон Мамадбеков, Сафаралӣ Қурбоншоев, Довудшо Наврӯзшоев, Назаршо Назаршоев (фарзанди Моёншо Назаршоев), Шириншоҳ ва Рустам Шоҳтемуровҳо (фарзандони Шириншоҳ Шоҳтемур), Сурат Бандишоев, шахсиятҳои сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ Акрамбек Тошмуҳаммадов, Бозгул Додихудоева, Назарамон Мулкамонов, Меҳралӣ Тошмуҳаммадов, чор генерали тоҷик, Мастибек Тошмуҳаммадов, Холиқназар Имомназаров, Тошмуҳаммад Тошмуҳаммадов, Ғарибшо Ҳақназаров, табиби маъруфи мардумӣ Шоҳзодамуҳаммад, ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Баҳодур Миралибеков, шоирони тоҷик, бародарон Султон ва Амонбек Шоҳзода ва даҳҳо дигарон аз аҳли мавзеъи Поршиневанд.

Беш аз сӣ нафар аз аҳли ин мавзеъ номзадҳои илманд.

Мирсаид Миршакар шоири мардумии Тоҷикистон низ таҳсили ибтидоиашро дар мактаб-интернати Поршнев анҷом додааст.

ТУРСУНЗОДА ВА ТОШМУҲАММАДОВ, ДУ ШАРИКДАРС, ДУ ХОКСОР

Мастибек Тошмуҳаммадов бо Мирзо Турсунзода шоири шаҳири тоҷик эҳтироми хос дошт. Ва ба шунидам шоир низ ба Мастибек эҳтироми махсус доштаанд. Ин эҳтироми мутақобила шояд на танҳо аз он ҷиҳат буд, ки ҳар дуяшон Дорулмуаллимини тоҷик дар шаҳри Тошканд, аввалин маркази тарбияи зиёиёни тоҷики он давраро хатм карда буданд, балки дар хислати онҳо низ шабоҳате ба мушоҳида мерасид. Ба назарам ин шабоҳат пеш аз ҳама дар хоксорӣ ва фурӯтании хосу истисноии онҳо буд. Хоксорию фурӯтании азалӣ, на намоишкоронаю зоҳирӣ.

МАСТИБЕК ДӮСТУ ДӮСТДОРИ АҲЛИ АДАБ БУД

Шоири машҳур ва хушзавқи тоҷик, устод Боқӣ Раҳимзода боре гуфта буданд, ки:

"- Мастибек як чеҳраи нуронӣ дорад. Ҳар боре, ки субҳ сари роҳ бо Мастибек вохӯрам ва чеҳраи нуронии ӯро бубинам, тамоми он рӯз корам бобарору димоғам чоқ хоҳад буд…"

Зимнан, Мастибек Тошмуҳаммадов бо нависандаи маъруфи дигари тоҷик ва ходими давлатӣ Ҳабибулло Назаров низ робитаи хеле хуби дӯстона дошт. Бо шоири тоҷик Саидалӣ Вализода, ки солҳои дар Кӯлоб кор карданаш ошно шуда буд, зарофатҳо мегуфт ва якдигарро зиёд эҳтиром доштанд. Аҳли адабу илмро дӯст медошт.

БО УЛУҒЗОДА ДАР ТОШКАНД

Соли 1925 аз ҳисоби бачаҳои аълохони мактаб-интернати шаҳри Хоруғ ва мактабҳои мавзеъи Поршинев 30 нафарро интихоб карда барои таҳсил ба шаҳри Тошканд мефиристонанд, ки Мастибек низ байни онҳо буд. Тошмуҳаммадов ба Дорулмуаллимини Тошканд дохил мешавад ва дар ин ҷо ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, адибони машҳури ояндаи тоҷик, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, яке аз академикҳои аввалини ояндаи тоҷик ва дигарон бо шавқи зиёд ба таҳсил мепардозад.

Мастибек Тошмуҳаммадов, ки яке аз комсомолони нахустини Бадахшон буд, котиби ташкилоти комсомолии Дорулмуаллимин интихоб мешавад. Бо ташаббуси вай ва бо кӯмаки Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода рӯзномаи "Машъали ҷавонон" таъсис меёбад, ки ҳаёти ҳаррӯзаи шогирдони Дорулмуаллиминро инъикос мекард.

ТОШМУҲАММАДОВ САРВАРИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК

Охири соли 1930 Мастибек Тошмуҳаммадов котиби аввали Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб интихоб мешавад.

Соли 1932 Мастибек Тошмуҳаммадов котиби аввали Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон интихоб шуда ва дар ин мақоми муҳим ҷавононро ба кори бунёдкорӣ ҳидоят мекард.

Моҳи майи соли 1934 Мастибек Тошмуҳаммадовро ба кори ҳизбӣ гузаронида ва котиби аввали ноҳияи Шаҳринав таъин мекунанд. (Он вақт Регар, Ҳисор ва Шаҳринав як ноҳия буданд)

Соли 1937 Мастибек Тошмуҳаммадов курси яксолаи Академияи ҳарбию сиёсии ба номи Толмачёви Ленинградро бомуваффақият хатм кард.

БАРОДАРОН ЗИНДОНӢ ШУДАНД, ГУНАҲКОР ШОҲТЕМУР

Солҳои сӣ даврони фоҷиабори тамоми мардуми Шӯравӣ буд. Мастибек Тошмуҳаммадов низ аз ин варта ба амри тасодуф ҷон ба саломат бурд. Соли 1937 фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур чун "душмани халқ" зиндонӣ шуд. Дар пайи ин, ашхоси зиёди бегуноҳ; аз он ҷумла Мастибек Тошмуҳаммадовро низ ҳабс карданд. На танҳо ӯро, балки додари 18-солааш Акрамбекро, ки хидмати аскарӣ мекард, низ ба зиндон андохтанд. Бидуни пурсупос ва айбнома. Ягона "гуноҳашон" ин буд, ки аз ҳамдиёрони Шириншоҳ Шоҳтемур буданд. Пас аз нӯҳ моҳи ҳабс, пас аз нӯҳ моҳи озору таҳқир Мастибек Тошмуҳаммадовро озод карданд. Акрамбекро шаш моҳ дар маҳбас нигоҳ доштанд ва боз ҳам нагуфтанд ба хотири чӣ озодию ба хотири чӣ буд ин маҳбусӣ…

МАСТИБЕК БЕШТАР АЗ ҲАМА ОРДЕНУ МЕДАЛ ДОШТ

Мастибек Тошмуҳаммадов яке аз ширкаткунандагони фаъоли набарди хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.

Аввалан, бояд ин нуктаро зикр кард, ки Мастибек Тошмуҳаммадов бештар аз ҳар шахси дигари ширкаткунанда дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ордену медали ҷангӣ дарёфт кардааст ва фақат ба амри як ноадолатӣ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро нагирифтааст.

ПЕШНИҲОД БА УНВОНИ ҚАҲРАМОНӢ

Барои иҷрои намунавори фармони ҷангӣ дар амалиёти Висла панҷ нафар: аз он ҷумла майор Мастибек Тошмуҳаммадов, иҷрокунандаи вазифаи фармондеҳи полк ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод шуданд. Ба капитанҳо Шведц, Улян Евграфович а Сергеев Иван Николаевич, ҳамчунон сержант Молдобоев Ижебой, ки дар ин амалиёт ҷон бохтанд, баъди маргашон унвони Қаҳрамонӣ дода шуд. Капитан Батишев Сергей Яковлевич (баъдан доктори илм ва корманди яке аз институтҳои Москав) пас аз табобат Ситораи тиллоии Қаҳрамонӣ гирифт.

Ӯ ҚАҲРАМОН НАШУД, ОРДЕН ГИРИФТ

Аммо бахти шахси панҷуми ба унвони Қаҳрамонӣ пешниҳодшуда, яъне иҷрокунандаи вазифаи командир, ки муваффақияти амалиётро таъмин кард, нахандид. Ба ҷои Ситораи қаҳрамон ба ӯ ордени Байрақи Сурхи ҷангиро супориданд. Ин воқеаи хеле нодир буд, зеро амалан ҳар шахс ба кадом навъи мукофоте, ки аз сӯи дивизия пешниҳод мешуд, ҳамонро дарёфт мекард. Аммо барои Мастибек Тошмуҳаммадов абри тираи солҳои шахспарастӣ боз соя афканд ва боз садди роҳ ва баҳонаи асосӣ гардид.

Танҳо соли 1957 расман ӯро сафед карда доғи тӯҳмат аз ӯ бардошта шуд.

ТОШМУҲАММАДОВ ПОЛКРО БА ПИРӮЗӢ БУРД

Дар яке аз ҷангҳо фармондеҳи полк подполковник Захаренко сахт ярадор шуда аз саф хориҷ шуд. Байни аскарон бесарусомонӣ рӯй дод, ки номатлубтарин вазъият дар ҷанг аст. Мастибек Тошмуҳаммадов вазифаи командири полкро ба зимма гирифт ва ба пирӯзӣ расид. Барои роҳбарии моҳирона ба полк майор Тошмуҳаммадов ордени Ҷанги Ватании дараҷаи ду гирифт.

МАСТИБЕК БОЗ ҚАҲРАМОН НАШУД, ЗЕРО…

Дар яке аз муҳорибаҳо барои гузаштан аз дарёи Днепр командири полк полковник Мелник сахт маҷрӯҳ мешавад. Комиссари полк Мастибек Тошмуҳаммадов боз фармондеҳиро ба зимма мегирад. Вай дар ин рӯз ёздаҳ маротиба ҷанговаронро ба набард зидди фашистон бурдааст. Ёздаҳ маротиба!!!

Тошмуҳаммадовро дубора ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод мекунанд, аммо ба ҷои ин унвони олӣ Ордени Ҷанги Ватании дараҷаи як мегирад. Боз ҳам, ҳамон чанд моҳи маҳбусӣ бо гуноҳи ҳамдиёр ва хеши Ш. Шоҳтемур будан монеъ шуд...

ҚУМОНДОНИ ЗАХМИН ВА ДИЛОВАРИ ҶАНГ

Комиссари полк Мастибек Тошмуҳаммадов дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 маротиба захмӣ шудааст ва баъди шифо ёфтан боз ба майдони ҷанг бозгаштааст.

Хизматҳои Мастибек Тошмуҳаммадов дар ҷанг бо шаш орден - ду ордени Байрақи Сурх, ду ордени Ҷанги Ватанӣ, ду ордени Ситораи Сурх ва медалҳои зиёд қадр шудааст.

Вай ба сурати умум, 29 ордену медал гирифтааст.

КОМИССАРИ ҲАРБИИ ТОҶИКИСТОН

Пас аз хатми ҷанг Мастибек Тошмуҳаммадов дар кишвари Австрия супоришҳои гуногуни Раёсати сиёсии гурӯҳи Марказии Артиши Сурхро иҷро кард.

Соли 1951 Мастибек Тошмуҳаммадов ба Тоҷикистон роҳхати ҳарбӣ гирифт. Чор сол сардори шӯъбаи сиёсии комиссариати ҳарбии вилояти Кӯлоб буд. Моҳи январи соли 1957 мувофиқи фармони вазири мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ Комиссари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа 14 сол кор кард.

НАХУСТГЕНЕРАЛ, САРДОРИ СИТОД, ДЕПУТАТ ВА КОРМАНДИ ШОЙИСТА

Соли 1962 бо фармони вазири мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Мастибек Тошмуҳаммадов барои нахустин бор аз Тоҷикистон унвони ҳарбии генералӣ дода шуд.

Мастибек Тошмуҳаммадов баъди ба нафақа баромадан низ дар Комиссияи назоратии Комитети Марказии Ҳизби коммунистӣ кор мекард.

Вай то охири умраш ба Ситоди ҷумҳуриявии ҷавонон барои гиромидошт ва поси хотираи ҷойҳои шӯҳрати инқилобӣ, ҷангӣ ва меҳнатӣ сарварӣ намуда ва дар тарбияи ҷавонони тоҷик воқеан саҳми арзанда гузоштааст.

Мастибек Тошмуҳаммадов депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон даъватҳои 5, 6 ва 7 буд.

Унвони Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистонро дошт.

Яке аз омӯзишгоҳҳои низомии ҷумҳурӣ - (суворовчиёни ҷавон) ва Музеи корнамоиҳои ҷавонони тоҷик номи нахуст генерали тоҷик Тошмуҳаммадовро доранд.

Нахустгенерали тоҷик 22 ноябри соли 1988 дар синни 80 солагӣ вафот кард.


©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97