Хабари хуб

Эҳтимоли рафтани Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш 11.02.2011 02:22 Эҳтимоли рафтани Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш
Тибқи иттилоъе, ки телевизиони давлатии Миср иброз доштааст, гуфта мешавад, пас аз чанд лаҳза муроҷиати Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ба ҳамватанонаш дар бораи истеъфояш бояд пахш шавад.

Дар як кишвар ҳизби ҳоким мамнӯъ, дар дигаре раҳбарияташ ба истеъфо рафт 07.02.2011 10:39
Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ҳайати ҳукуматашро тағйир дода, ваъдаи ислоҳот низ кард ва раҳбарияти ҳизби ҳокими миллӣ-демократӣ ҳам рӯзи 6 феврал ба истеъфо рафтанд. Аммо Муборак ин раиси 82 сола, ки аз соли 1981, инак 30 сол боз қудратро дар Миср дар панҷааш нигоҳ доштааст, исрор меварзад, ки то анҷоми ....
«Миллат» ҳаводиси Мисрро баррасӣ кард 05.02.2011 13:00
Бо ибтикори Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» дар идораи ин нашрия бо ширкати коршиносони масоили минтақавӣ ва иҷтимоъӣ дар мавзӯъи «Ҳаводиси сиёсии кишварҳои арабӣ, таҳаввулоти Тунис ва тазоҳуроти густурдаи мардум дар Миср чӣ таъсир ва паёмаде метавонад ба кишварҳои Осиёи марказӣ дошта бошад?» мизи гирд баргузор гардид.
Дар Вахш нафт ҷустуҷӯ доранд 05.02.2011 12:49
Баъзе аз сокинони рустои Бешкаппаи ҷамоати деҳоти «Роҳи Ленин»- и ноҳияи Вахш иброз доштаанд, ки ширкатҳои геологии нафтҷӯй онҳоро огоҳ кардаанд, ки дар зери замини мавзеъи онҳо кони нафт кашф шудааст. Аз ин рӯ эҳтимол аст, ки дар мӯҳлати наздик сокинони ин деҳаро ба мавзеъи дигари ноҳия кӯч бидиҳанд ва ....
Гирдиҳамоӣ дар Урдун 05.02.2011 10:11
4 феврал, пас аз хатми намози ҷумъа тақрибан як ҳазор тан бо даъвати ҷунбиши “Бародарони мусалмон” ва бо талаби ислоҳот дар назди қароргоҳи сарвазири Урдун гирди ҳам омаданд. Тазоҳургарон баъди чанде бо нишони ҳамрайъӣ бо мардуми Миср ба ҷониби сафорати Миср раҳпаймоӣ намудаанд. 1 феврал дар посух ба талабҳои ислоҳоти ....
Масъалаи истеъфои Муборак баррасӣ шуд 04.02.2011 16:43
Имрӯз 4 феврал баъд адои намози ҷумъа мардуми зиёде дар шаҳрҳои мухталифи Миср гирди ҳам омада, шадидан хостори истеъфои фаврии Ҳуснӣ Муборак аз мақоми президенти ин кишвар шудаанд.
«Домодедово»- ро як ингуш таркондааст 04.02.2011 11:03
Бо такя ба қавли боэътимод сомонаи интернетии LifeNews ному насаби шахсеро, ки шоми 24 январ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав таркишро ба амал оварда, бойиси ҳалокати 35 нафар ва захм бардоштани беш аз 170 тан гардида буд, ошкор сохтааст
Настя Волочкова ҳизби Путинро тарк кард 03.02.2011 15:17
Анастасия Волочкова, раққосаи машҳури балети Русия дар торнамои хеш оварда, ки баъди як ҳафтаи андеша кардан тасмим гирифтааст Ҳизби ҳокими «Русияи ягона» («Единая Россия»)- ро, ки раҳбари он сарвазири Русия Владимир Путин мебошад, тарк мекунад. Ин қарори хешро бонуи ҳунарманд ба он рабт медиҳад, ки чанд сол  қабл  ӯро барои ....
Муборак ба ҳуҷум гузашт 03.02.2011 10:11
Дар шаҳри Қоҳира, пойтахти кишвари Миср шумори қурбониён се нафар афзоиш ёфт. Хабар дода мешавад, ки рӯзи чаҳоршанбе, 2 феврали соли равон ҳазорон тан аз ҷонибдорони Ҳуснӣ Муборак бар болои мардуми дар майдони Таҳрир гирдиҳам омада ҳамла кардаанд, ки бар асари задухӯрдҳо 600 нафар захм бардоштаанд. Мухолифини давлати Муборак дар ....
Аврупо мухолифини Лукашенкоро пуштибонӣ кард 03.02.2011 09:57
Нирӯҳои мухолифи давлати Белорус дар ҳамойиши Варшава, пойтахти кишвари Лаҳистон  аз 36 давлати ёрирасон 87 миллион евро, баробар ба 120 миллион доллар ваъдаи кӯмак дарёфт кардаанд.
Қимати гуфтугӯ бо телефони мобил 3% боло рафт 02.02.2011 14:47
Сар аз 1 феврали соли ҷорӣ ширкатҳои телефони мобилӣ арзиши хидматрасониашонро 3 дар сад боло бурдаанд. Ба гуфтаи масъулини ин ширкатҳо, аз 6 январи соли ҷорӣ бар асоси ворид кардани тағйирот ба Кодекси молиёт, ба хадамоти онҳо молиёти аксизӣ ҷорӣ шудааст ва онҳо маҷбур шудаанд, ки ҳаққи хидматрасонии худро афзоиш бидиҳанд. Зимнан ....
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97