Қубодбек Боронов, сарвазири Қирғизистон рӯзи 8 июл ба вазорати тандурустии он кишвар дастур дод, ҳамаи кормандони соҳаи тибро, ки ба рухсатии меҳнатӣ рафтаанд, ба кор баргардонад.
Сарвазир гуфт, шаҳрвандон ба кӯмаки тиббӣ эҳтиёҷ доранд. "Касоне, ки беморанду табобат мегиранд, бигзор тандурустиашонро барқарор кунанд. Аммо, кормандони соҳаи тиб, ки сиҳат ҳастанду ба рухсатии меҳнатӣ рафтаанд, бояд ба кор баргарданд ва ба ҳамкорони худ дар амри табобати беморон кӯмак расонанд", - гуфт Боронов.
Вазорати тандурустии Қирғизистон дақиқан хабар надод, ки чи теъдод аз кормандони соҳаи тиб дар рухсатии меҳнатӣ ҳастанд.
Пештар аз ин хабар расид, ки дар Қирғизистон 29 ҳазору 502 нафар дар муассисаҳои тиббии он кишвар ба расонидани хадамоти тиббӣ машғул ҳастанд.
Шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 8486 кас расида, 112 кас аз ин вирус фавтидааст.