Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ҳайати ҳукуматашро тағйир дода, ваъдаи ислоҳот низ кард ва раҳбарияти ҳизби ҳокими миллӣ-демократӣ ҳам рӯзи 6 феврал ба истеъфо рафтанд. Аммо Муборак ин раиси 82 сола, ки аз соли 1981, инак 30 сол боз қудратро дар Миср дар панҷааш нигоҳ доштааст, исрор меварзад, ки то анҷоми давраи кунунии раёсаташ, яъне то моҳи сентябр дар мақом хоҳад монд.
Умар Сулаймон, ноиби президенти Миср рӯзи якшанбе 6 феврал бо гурӯҳҳои маъруфи мухолифини ин давлат, аз ҷумла бо намояндагони "Ихвон-ул-муслимин" мулоқот кард. Дар ин мулоқот ҳамчунин намояндаи шинохтаи мухолифин Мҳҳаммад Ал-Бародаӣ низ ширкат кардааст.
Намояндагони «Ихвон- ул- муслимин» даъват ба таъсиси як давлати демокративу шаҳрвандӣ дар Миср карда, гуфтаанд, ки ба пӯшиши ҳиҷоб маҷбур кардани занонро надоранд. Музокироти рӯзи 6 январ аввалин гуфтугӯи давлати Миср бо гурӯҳи мухолифи «Ихвон- ул- муслимин» буд.
Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии Амрико аз музокироти Умар Сулаймон бо гурӯҳҳои мухолифин пуштибонӣ кард.
Тасмими давлати Миср ҷиҳати оғози музокирот бо "Ихвон-ул-муслимин" гумонҳоеро доман зад, ки шояд ин гурӯҳ дар аҳди баъди Ҳуснӣ Муборак ба як нерӯи асосии сиёсӣ дар баробари аҳзоби дигари мухолиф табдил шавад.
Хабари шурӯъи музокироти байни давлат ва мухолифин дар ҳоле нашр шуд, ки 13 рӯз боз эътирозҳо дар саросари Миср алайҳи ҳукумати сисолаи Муборак идома дорад. Дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира – маркази ин эътирозҳо ҳамчунон ҳазорон тазоҳургар боқӣ мондаанд. Онҳо гуфтаанд, ки то замони суқути давлати Муборак аз ин майдон нахоҳанд рафт.
Дар ҳоле, ки дар Миср раҳбарияти ҳизби ҳокими миллӣ- демократӣ истеъфои хешро эълон намуд, аз Тунис хабар расид, ки вазорати корҳои дохилии ин кишвар фаъолияти ҳизби Зайналобиддин Бен Алӣ, собиқ президенти Тунисро комилан мамнӯъ донистааст. Дар ин кишвар ҳукумати муваққатӣ аз 14 январи соли ҷорӣ, яъне аз замони фирори Зайналобиддин ба Арабистони Саъудӣ раҳбарии Тунисро бар уҳда дорад.