Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот" ва узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон субҳи имрӯз 7 феврал ҳангоми ба ҷойи кор, идораи нашрия омаданаш дучори ҳамлаи шахсони ношинос қарор гирифтааст.
Ҷаноби Сайфуллозода дар сӯҳбати кӯтоҳи хеш изҳор доштааст, ки як нафари ношинос бидуни ҳеч огоҳӣ садди роҳаш шуда, таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб кардаву ду нафари дигар ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд, ки бар асари зарбахӯрӣ Сайфуллозода беҳуш шуда ба бемористони Қарияи боло оварда мешавад.
Яке аз табибони ин беморхона гуфтааст, ки ташхис нишон додааст, ки ҷаноби Сайфуллозода аз косахонаи сар зарб хӯрда, чашму даҳони ӯ доғи сиёҳ гирифтаанд.
Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҳайит дар сӯҳбат бо "Озодӣ" латукӯб шудани сардабири "Наҷот" ва узви раёсати олии ҳизбашро "сӯйиқасд ба ҷони ӯ" номид. Ҳайит аз қавли ҳамсояҳои Сайфуллозода гуфтааст, ки тай иду рӯзи ахир афроди ношинос аз пушти ӯ мегаштаанд.
Муовини раиси Ҳизби наҳзати ислом мегӯяд, "эҳтимол ин идомаи "ҳамлаҳо" болои ҲНИТ бошад", вале афзудааст, ки ҳизб хулосаи худро дар ин бора баъдтар пешниҳод хоҳад кард.