Вазири тандурустии Қирғизистон ва муовинаш гирифтори илтиҳоби шуш шуданд

Собирҷон Абдикаримов, вазири тандурустии Қирғизистон гирифтори илтиҳоби шуш шудааст. Аломатҳои шабеҳ ба вабои коронавирус дар ҷисми муовини вазир Нурболот Усенбоев мушоҳида мешавад, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар вазорати тандурустии Қирғизистон.

Собирҷон Абдикаримов ва Нурболот Усенбоев айни ҳол коргоҳ намеоянд.

То ин замон чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон мубталои коронавирус шуданд. Раиси пешини порлумони Қирғизистон Чинибой Турсунбеков аз илтиҳоби шуш фавтид. Рӯзи 29 июн президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бемористони боздоштгоҳ бо илтиҳоби шуш бистарӣ шуд.

Дар як рӯзи охир дар Қирғизистон 13 ҳолати фавт аз коронавирус ва 44 ҳолати марг аз илтиҳоби шуш сабт шудааст. Шумори умумии гирифторони COVID-19 дар Қирғизистон ба 8486 расидааст. Сар аз 8 июл дар Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки омори маргу мир аз илтиҳоб ва коронавирусро якҷоя кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97