Имрӯз Дилором Абдураҳимова, ҷонишини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ ва раисикунандаи мурофиаи гражданӣ қарори худро дар мавриди баҳси Вазорати кишоварзӣ ва нашрияи "Миллат" содир кард.
8-уми феврал, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии ниҳоии даъвои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи "Миллат" пардохт ва ҳалномаи дар ҳоли ҳозир хулосавии судро содир кард (ҳалномаи асоснок дар давоми панч руз бояд таҳия шуда, ба тарафҳо супурда шавад).
Бино бар ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳафтаномаи «Миллат» бояд радияи Вазорати кишоварзиро нашр карда, барои зарари маънавии расонида ба ин вазоратхона 1500 сомонӣ ҷуброн бипардозад.
Дар ҳоле ки қонунгузории Тоҷикистон таъкид мекунад, ки зарари маънавӣ танҳо ба шахс, ки рӯҳу ҷону ҷисм дорад, метавонад расонида шавад. Аммо судя мантиқи инро, ки вазоратхона беҷисму берӯҳ аст, мадди назар намуда, ҳалномаи ноодилона ва ғайриқонунӣ баровардааст. Аз ин ҳалнома на танҳо бӯйи адолати судӣ намеояд, балки он бо дағалона риоя накардани меъёрҳои қонунгузории кишвар ва далелҳои мавҷуда қабул карда шудааст. Ҳамчунин судя ҳеч яке аз далелҳои пешниҳодшуда дар мавриди таъйиди ҷой доштани фасодро дар Вазорати кишоварзӣ, ки аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ фош шуда, дар аксари расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷии кишвар нашр шудаанд, ба эътибор нагирифта, ҳалномаашро содир кардааст.
Баҳси Вазорати кишоварзӣ ва ҳафтаномаи "Миллат" дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳудуди як сол аст, ки идома дорад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби нашркардаи ҳафтаномаи “Миллат” ба додгоҳ шикоят бурда, 1 миллион сомонӣ ё баробар ба беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ товон хоста буд.
"Миллат" низ дар навбати худ аз болои Вазорати кишоварзӣ ба додгоҳи Фирдавсӣ шикояти мутақобил бурда, хостори пардохти 1 сомонӣ ҷарима аз сӯи вазорати кишоварзӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол нашрияи «Миллат» аз халномаи суд шадидан норози аст, ва қасд дорад, ба додгоҳи шаҳрӣ аз болои ҳалномаи ғайриқонунӣ ва ноодилонаи суди ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бубарад.