Баъзе аз сокинони рустои Бешкаппаи ҷамоати деҳоти «Роҳи Ленин»- и ноҳияи Вахш иброз доштаанд, ки ширкатҳои геологии нафтҷӯй онҳоро огоҳ кардаанд, ки дар зери замини мавзеъи онҳо кони нафт кашф шудааст. Аз ин рӯ эҳтимол аст, ки дар мӯҳлати наздик сокинони ин деҳаро ба мавзеъи дигари ноҳия кӯч бидиҳанд ва дар ин ҷой корҳои иктишофӣ ва баровардани нафт васеътар ба роҳ монда шавад.
Деҳаи Бешкаппаи ноҳияи Вахш дар шафати роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа -Вахш воқеъ буда, дар ин ин мавзеъ ҳудуди 100 хонавода сукунат дорад. Бошандагони деҳа мегӯянд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ- геологӣ ҳанӯз соле қабл оғоз гардида буд. Дар ҳамин шабу рӯз ширкатҳои ҷустуҷӯи захоири газу нафт дар марзҳои атрофи деҳа корҳои иктишофиро пеш бурда истодаанд.
Дар ҳамин ҳол аз шӯъбаи захираҳои газу нафти назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бобати ҳақиқат доштани кашфи нафт дар ноҳияи Вахш изҳори беиттилоӣ кардаанд.
Ҷамоли Усмон