Гирдиҳамоӣ дар Урдун

Хабари хуб 05.02.2011 10:11

163_3001_002_ior4 феврал, пас аз хатми намози ҷумъа тақрибан як ҳазор тан бо даъвати ҷунбиши “Бародарони мусалмон” ва бо талаби ислоҳот дар назди қароргоҳи сарвазири Урдун гирди ҳам омаданд. Тазоҳургарон баъди чанде бо нишони ҳамрайъӣ бо мардуми Миср ба ҷониби сафорати Миср раҳпаймоӣ намудаанд. 1 феврал дар посух ба талабҳои ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ шоҳи Урдун Абдуллоҳи 2 Маъруф Бахитро ба маснади сарвазири ин кишвар нишонд. Гуфта мешавад, ки охири ҳамин ҳафта Бахит аъзои ҳукумати худро муаррифӣ хоҳад кард. 3 феврал шоҳи Урдун бо ҳайати Ҷабҳаи амали исломӣ, ки аз мухолифини сарсахти давлати Урдун маҳсуб мешавад, мулоқот карда, ваъда дод, ки “иқдомҳои ҷиддӣ” рӯйи даст хоҳад гирифт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97