«Домодедово»- ро як ингуш таркондааст
Бо такя ба қавли боэътимод сомонаи интернетии LifeNews ному насаби шахсеро, ки шоми 24 январ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав таркишро ба амал оварда, бойиси ҳалокати 35 нафар ва захм бардоштани беш аз 170 тан гардида буд, ошкор сохтааст
Ба навиштаи ин сомонаи хабаргузорӣ маргталаб сокини Ҷумҳурии Ингуштистон Муҳаммад Евлоеви 20 сола будааст.
Масъулини мақомоти интизомии Русия ин хабарро ҳанӯз тасдиқ ё инкор накардаанд. Қаблан низ сардори Хадамоти федеролии амнияи Русия Александр Бортников гуфта буд, ки ному насаби террорист ошкор шуда ва ӯ зодаи Қафқози шимолист.
Ёдовар мешавем, ки бар асари таркиши фоҷеъабори Домодедово се ҳамватани мо ҳалок ва 13 тан ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.