Дар шаҳри Қоҳира, пойтахти кишвари Миср шумори қурбониён се нафар афзоиш ёфт. Хабар дода мешавад, ки рӯзи чаҳоршанбе, 2 феврали соли равон ҳазорон тан аз ҷонибдорони Ҳуснӣ Муборак бар болои мардуми дар майдони Таҳрир гирдиҳам омада ҳамла кардаанд, ки бар асари задухӯрдҳо 600 нафар захм бардоштаанд. Мухолифини давлати Муборак дар ин ҳамла нирӯҳои интизомии Мисрро муҷрим донистаанд. Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун дар иртибот ба вазъи печидаи Миср гуфтааст, ки аз идомаи хушунат дар ин кишвар сахт нигаронам. Ман бори дигар ҳама ҷонибҳоро ба сабру таҳаммул даъват мекунам. Ҳама гуна ҳамла ба эътирозгарони осоишта таҳаммулнопазир аст ва инро шадидан маҳкум мекунам.
Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак шоми 2 феврал дар суханрониаш аз тариқи телевизион гуфт, ки дар интихоботи навбатии президентӣ, ки моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард, аммо мухолифин оҷилан ба истеъфо рафтани ӯро талаб доранд.