Манижа нахустин сафири СММ аз Русия дар умури паноҳандагон

Муҳоҷират 23.12.2020 12:04

Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия нахустин сафири ҳусни нияти Русия доир ба паноҳандагон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъйин кардааст.

 Ин овозхон аз соли 2019 инҷониб фаъолияти Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳидро дастгирӣ мекардааст.

Ӯро ба ин кор таҷрибаи аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки хонаводаашро водор барои тарк кардани ватан кардааст, водор намуд.

Дар баёнияи Комиссариати Олии СММ омадааст: "Дафтари СММ доир ба панохандагон таъин шудани овозхони хайрхоҳ Манижаро ба ҳайси сафири ҳусни нияти худ эълом мекунад. Барои нахустин бор дар таърихи СММ дар умури паноҳандагон, ситорае аз Русия ҳимоятгари панохчуён мешавад".

Манижа низ изҳори умедворӣ карда, ки бо ин роҳ бештари одамон дарк хоҳанд кард, ки гурезагон бо ҳунару заковати худ метавонанд ба ҷомеа нафърасон бошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97