Настя Волочкова ҳизби Путинро тарк кард

Хабари хуб 03.02.2011 15:17

Nastiya_VolochkovaАнастасия Волочкова, раққосаи машҳури балети Русия дар торнамои хеш оварда, ки баъди як ҳафтаи андеша кардан тасмим гирифтааст Ҳизби ҳокими «Русияи ягона» («Единая Россия»)- ро, ки раҳбари он сарвазири Русия Владимир Путин мебошад, тарк мекунад. Ин қарори хешро бонуи ҳунарманд ба он рабт медиҳад, ки чанд сол  қабл  ӯро барои имзо гузоштан зери як нома бар алайҳи собиқ сарвари ширкати Юкос Михаил Ходорковский маҷбур карда будаанд.


Мавсуф изҳор доштааст, ки он замон номаро барояш нишон надода будаанд ва танҳо гуфтаанд, ки бояд аз идеяи ба ҷазо кашидани ғоратгарони амволи мардум ҷонибдорӣ намояд. Бону Волочкова афзудааст, ки онҳо ӯро ба дом андохтанд, дар асл ӯ ба ҷаноби Ходорковский эҳтироми зиёд дорад. Ҳунарманди маъруф гуфтааст, ки вақте номзадиамро дар соли 2009 барои соҳиб шудан ба мақоми шаҳрдори Сочи пешбарӣ кардам, он ҷо номзадиамро ба қайд нагирифтанд ва ҳам волии кишвари Краснодар Александр Ткачёв барои баргузории консертам монеъ шуд. Ба ҳизбам дар ин бора шикоят бурдам, вале касе нахост масъаларо ҳал  бикунад. Аммо бубинед ҳангоме, ки силсилааксҳои урёни хешро ба намойиш гузоштам мақомоти ҳизби «Русияи ягона» ба шӯр омада гуфтанд, ки «ин чӣ хел мешудааст, ки узви ҳизби «Русияи ягона» урён акс бигираду пеши барашро луч ба намойиш бигузорад.» Он вақт ба ёд оварданд, ки Волочкова узви ҳизби онҳост. Ман намехоҳам бо ин тасмими хеш таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб созам, ё чунин хулоса нашавад, ки малоламу ин ҳизб бароям кӯмаке накардаву бароям мансаб надода, ё ҳадафам шӯру исён барангехтан ҳам нест. Мехоҳам аз сиёсат канор рафта, ҳунарамро сайқал бидиҳам.
Дар он номаи навиштаи бархе аз ходимони илму фарҳанг ва варзиши Русия, ки соли 2005 дар нашрияи «Известия» ба чоп расида буд, номи Анастасия Волочкова низ ҳаст, ки дар он аз ҳукми додгоҳ дар баробари Михаил Ходорковский ҷонибдорӣ мешуд. Волочкова Анастасия Юревна 20 январи соли 1976 дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт- Петербург) таваллуд шудааст. Соли 1994 Академияи балети Русияро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст. Соли 1996 дар озмуни байнулмилалии ҳунармандони балет ширкат карда соҳиби нишони тиллоӣ гардид. Соли 2002 ба дарёфти ҷойизаи ҷаҳонии «Шери заррин» ва ба унвони «Боистеъдодтарин ҳунарманди балет дар Аврупо» мушарраф шудааст. Ӯ бо ордени «Нишони ифтихории Пётри Бузург» сарфароз гардида, барандаи ҷойизаи байнулмилалии «Андалеби тиллоӣ» мебошад. Соли 2003 ба узвияти ҳизби «Русияи ягона» қабул шудааст. Ҳунарманди шойистаи Русия, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Карачаев- Черкес буда, ҳамроҳ бо ягона духтараш Ариадна дар шаҳри Маскав зиндагӣ дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97