Аврупо мухолифини Лукашенкоро пуштибонӣ кард

Хабари хуб 03.02.2011 09:57

1214129163_lukashenkoНирӯҳои мухолифи давлати Белорус дар ҳамойиши Варшава, пойтахти кишвари Лаҳистон  аз 36 давлати ёрирасон 87 миллион евро, баробар ба 120 миллион доллар ваъдаи кӯмак дарёфт кардаанд.

Радослав Сикорский, вазири умури хориҷаи Лаҳистон ин хабарро дар хатми ин ҳамойиш, ки дар пайи саркӯбии тазоҳуроти баъд аз интихоботӣ, ки дар Беларус баргузор шуда буд, эълон кард. Вазири умури хориҷаи Лаҳистон, гуфтааст, ки мақомоти Белорус барои тағийри мавқеъи худ ҳанӯз вақт доранд. Аз моҳи декабри соли гузашта бисёр чизҳо иваз шудааст. Шояд намунаи Зайналобиддин бинни Алӣ, президенти Тунис , Ҳуснӣ Муборак, президенти Миср  ва дигарон  Лукашенкоро ба андешае водор кунад, ки роҳи интихобкардааш роҳи хубе барои ӯ нест.
Комиссияи Иттиҳоди Аврупо кӯмакҳояшро ба хотири пуштибонӣ аз ҳуқуқи башар ва демократия дар Белорус чаҳор маротиба боло бурда, дар се соли оянда ба 15,6 миллион евро хоҳад расонд.
Пештар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико алайҳи Александр Лукашенко, президенти Белорус ва 157 мансабдорони давлати ӯ таҳримоти нав ҷорӣ карданд, ки аз ҷумла манъи ироаи раводиди сафар ва бастани суратҳисобҳои бонкии онҳоро дар бар мегирад.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97