Имрӯз 4 феврал баъд адои намози ҷумъа мардуми зиёде дар шаҳрҳои мухталифи Миср гирди ҳам омада, шадидан хостори истеъфои фаврии Ҳуснӣ Муборак аз мақоми президенти ин кишвар шудаанд.
Вазири дифоъи Миср генерал Ҳусейи Тантовӣ вориди майдони Таҳрир шуда, бо тазоҳургарон мулоқот намудааст. Дар ду рӯзи пеш майдони Таҳрир шоҳиди задухӯрдҳои хунини ҷонибдорон ва мухолифини президенти Миср буд. 3 феврал Ҳуснӣ Муборак дар сӯҳбат бо хабарнигори телевизиони амрикоии ЭйБиСи Кристиан Амонпур изҳор дошт, ки омодааст ба истеъфо биравад, вале тарс аз он дорад, ки ин амал кишварро бенизому бесомон хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки мансабдорони амрикоӣ бо мақомоти Миср истеъфои фаврии Муборакро баррасӣ мекунанд.