«Миллат» ҳаводиси Мисрро баррасӣ кард

Хабари хуб 05.02.2011 13:00

Mizi_girdБо ибтикори Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» дар идораи ин нашрия бо ширкати коршиносони масоили минтақавӣ ва иҷтимоъӣ дар мавзӯъи «Ҳаводиси сиёсии кишварҳои арабӣ, таҳаввулоти Тунис ва тазоҳуроти густурдаи мардум дар Миср чӣ таъсир ва паёмаде метавонад ба кишварҳои Осиёи марказӣ дошта бошад?» мизи гирд баргузор гардид.

Ба суъолҳои гардонкунандаи мизи гирд муҳаррири нашрияи «Миллат» ва узви раёсати Анҷумани «Афрӯз» Толибшоҳи Сайидзода номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, коршиноси тоҷик Давлати Усмон, коршиносони масоили минтақавӣ ва иҷтимоъӣ Қосим Бекмуҳаммад, Зоҳири Давлат ва Саъдии Юсуфӣ посух гуфтанд. Аз шарҳи бештари ин мавзӯъ ва донистани назари ширкатдорони ин мизи гирд метавонед дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Миллат» маълумоти ҷолибу фарох пайдо намоед.

«Афрӯз»

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97