Қимати гуфтугӯ бо телефони мобил 3% боло рафт

Хабари хуб 02.02.2011 14:47

13Сар аз 1 феврали соли ҷорӣ ширкатҳои телефони мобилӣ арзиши хидматрасониашонро 3 дар сад боло бурдаанд.

Ба гуфтаи масъулини ин ширкатҳо, аз 6 январи соли ҷорӣ бар асоси ворид кардани тағйирот ба Кодекси молиёт, ба хадамоти онҳо молиёти аксизӣ ҷорӣ шудааст ва онҳо маҷбур шудаанд, ки ҳаққи хидматрасонии худро афзоиш бидиҳанд.

Зимнан ширкати мобилии “Tcell” дар Тоҷикистон сар аз якуми феврали соли ҷорӣ ҳаққи хадамот ба муштариёнашро се дарсад боло бурдааст.
Ширкати “Babilon-M” низ тасмим дорад, ки аз 11-уми феврал ҳаққи ҳамагуна хидматрасонӣ ба муштариёнашро боло бубарад.

Тибқи омори расмӣ  дар соли 2011 теъдоди истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 5 миллиону 940 ҳазорро ташкил додааст. Феълан дар Тоҷикистон аз 11 ширкати мобилӣ, 8 ширкат фаъолият дорад.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97