Хабари хуб

Amnesty International аз Ҷӯраев Ҳимоят мекунад 23.03.2011 19:05 Amnesty International аз Ҷӯраев Ҳимоят мекунад
Amnesty International ё Созмони Афви Байналмилал аз эҳтимоли истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст.

Иқдоми олӣ аз «Вавилон-Т» бахшида ба ҷашни фархундаи Наврӯз! 18.03.2011 17:24
Ширкати «Вавилон-Т» Шуморо бо  фарорасии ҷашни байналмиллалии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, бахшида ба ин ҷашни зебои баҳорӣ, ки кӯҳантарин ҷашни таърихии мо тоҷикон аст 18-март дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Хуҷанд аксияи махсус баргузор менамояд!
Пешвоёни тазоҳургарон дар Баҳрайн боздошт шуданд 18.03.2011 15:23
Тибқи хабаргузории шабакаи «Алҷазира»  мақомоти қудратиии Баҳрайн бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар тазоҳуротгарони ин кишварро, аз майдони «Марворид» пароканда намудаанд.
Рамзи расмии Наврӯз тасдиқ шуд 18.03.2011 11:05
Дар Тоҷикистон нахустин самбул ё рамзи наврӯзӣ аз сӯйи раиси ҷумҳури  кишвар ба унвони нишони расмии Наврӯз дар кишвар таъйид шуд.
Абзорҳои интернетии таҳлил ва пажӯҳиши бозор дастрас мегарданд 17.03.2011 15:10
Намояндагони иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, донишгоҳҳо, корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ширкатҳои ироагари хадамоти машваратӣ ва ҳамчунин, вазорату ниҳодҳои давлатии масъули таҳияву пешбурди сиёсат ва гуфтушунидҳои тиҷоратӣ тӯли ду рӯз, рӯзҳои 15 ва 16-уми март, дар як давраи омӯзишӣ бо абзорҳои Маркази байнулмилалии тиҷорат барои таҳлил ва пажӯҳиши бозор шинос хоҳанд шуд.
Парлумони Тоҷикистон аз куштагони зилзилаи Ҷопон ёд кард 16.03.2011 17:16
Имрӯз, 16 март Маҷлиси намояндагон ҷаласаи дуюми даъвати чорумро бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири фавтидагони заминларзаи фоҷеабори Ҷопон шурӯъ кард.
Толибшоҳ Саидзода: «Омодаам номзад шавам» 16.03.2011 00:44
Толишоҳ Саидзода мегӯяд, тасмим гирифтаааст, ки дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст рӯзи 15 уми майи соли равон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе доир шавад, ба унвони номзади мустақил ширкат кунад.
Мусобиқаи Дзюдо байни наврасон 14.03.2011 20:39
Шурӯъ аз рӯзи 11 то 13 марти соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «дзюдо» байни  наврасони то синни 14 ва16 сола, дар қасри варзишии ноҳияи Ҳисор баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони наврас аз тамоми манотиқи кишвар ширкат доштанд.
Ҷопон дар талоши пешгирӣ аз бӯҳрони ҳастаӣ 14.03.2011 09:29
Мақомоти Ҷопон саъй доранд, то аз фалокат дар як нерӯгоҳи атомии ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд, ки бар асари заминларзаи қавии рӯзи ҷумъа осеб дид. Мақомот мегӯянд, хатари беш аз ҳад гарм шудани се реактори нерӯгоҳи Фукушима дар шимоли Токио вуҷуд дорад.
Сардабири «Миллат» медал гирифт 12.03.2011 15:47
Бо фармони вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал- полковник Шералӣ Хайруллоев, таҳти рақами 103, аз 11 марти соли 2011 ба ифтихори 15- умин соли таъсисёбии Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои саҳми арзишманд дар таҳкими пояҳои мудофиавии кишвар, баррасӣ ва бозгӯ намудани мушкилоти соҳаи низомӣ, рушди иқтидори ҳарбии Ватан сардабири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо ....
Ҷойизаи Лоҳутӣ муборак, Толибшоҳи Сайидзода!!! 12.03.2011 10:44
Толибшоҳи Сайидзода, журналисти соҳибном, муҳаррири нашрияи «Миллат» 11 март, дар Рӯзи матбуоти тоҷик соҳиби Ҷойизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосими Лоҳутӣ гардид.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97