Бензин қимат шуд, нон низ

Хабари хуб 10.02.2011 10:00

BenzinРусия тасмим гирифтааст аз оғози моҳи ҷорӣ боҷи гумрукӣ барои маҳсулоти нафтии содиротии худро беш аз 9 фисад афзоиш диҳад. Ҳамакнун баҳои як тон маҳсулоти нафтии Русия аз 317 то 346 доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст. Мақомоти Русия далели афзоиши баҳои нафтро боло рафтани қимати он дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ кардаанд.

Боло рафтани қимати маҳсулоти нафтии Русия ба афзоиши арзиши маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон асар хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, афзоиши баҳои нафтро, ки 93 дар сади маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид мешавад, ба кишвар асароти ҷиддӣ хоҳад дошт.

Аскар Нуралиев, як масъули ин вазорат, таъкид кардааст, ки 99,5 дар сади бензину дизел ва 100 дар сади битум ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Нуралиев, бо таваҷҷӯҳ ба он ки бахши аслии мол ва маводди ғизоӣ дар дохили Тоҷикистон аз тариқи автомобил ҳамлу нақл мешаванд, мумкин аст афзоиши қимати маҳсулоти нафтӣ ба болоравии арзиши маводди ғизоӣ низ асар гузорад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Саидраҳмон Назриев, ду ҳафта қабл дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, ки дар соли гузашта ба далели боло рафтани қимати маҳсулоти нафтӣ арзиши маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон 13,4 дар сад афзоиш ёфтааст.

Моҳи июни соли гузашта Русия дар содироти маводди нафтӣ ба Тоҷикистон боҷи давлатӣ ҷорӣ кард, ки ба дунболи он қимати маводи сӯхт 30-40 дар сад боло рафт.

Далели ин тасмими Русия ин буд, ки Тоҷикистон узви иттиҳодияи гумрукӣ нест. Тибқи иттилои манобеъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, роҳандозии боҷи давлатӣ дар содироти маҳсулоти нафтӣ аз сӯйи Русия дар 6 моҳи ахир ҳатто бар вазъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон низ таъсир кардааст.

Вазири энергетикаи Русия, Сергей Шматко, дар ҷарёни дидораш аз Тоҷикистон дар поёни соли гузашта гуфта буд, ки мақомоти Русия тасмим доранд аз 1 январи соли ҷорӣ боҷи гумрукии изофӣ барои маводди нафтиеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон содир мешавад, лағв кунанд.

Аммо масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтанд, ки то ҳол Русия боҷи гумрукии изофӣ барои маводди сӯхтиро лағв накарда ва музокирот дар ин замина миёни Тоҷикистон ва Русия идома дорад.

 

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97