Хабари хуб

Заминларзаи шадид дар Ҷопон 11.03.2011 19:56 Заминларзаи шадид дар Ҷопон
Рӯзи ҷумъа дар пайи заминларзаи наздик ба 9-баллӣ, мавҷи 10-метрии тсунамӣ ба соҳилҳои шимолушарқи Ҷопон осеб расондааст.

«Миллат» ва «Афрӯз» ду Мизи гирд орост. Кӣ чӣ гуфт? 04.03.2011 09:41
Дар толори хурди Муҷтамаъи табъу нашри «Шарқи озод» рӯзи 2 март бо ибтикори нашрияи «Миллат» ва Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» Мизи гирд дар мавзӯъи «Оё воқеъан зарурате барои қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ҳаст?» баргузор гардид.
Парлумон аз тахриби хонаҳои мардум нигарон аст 03.03.2011 11:02
Раиси Маҷлиси намоядагон Шукурҷон Зуҳуров дар рафти муҳокимаи тарҳи ислоҳот ба «Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон» аз афзоиши мавридҳои хароб шудани манзилҳои зист ва иншооти марбут ба сокинони кишвар, ки дар заминҳои обӣ бунёд шуда ва аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ вайрон мешаванд, изҳори ташвиш карда, таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд ....
ЮНЕСКО бо Либия ҳамкорӣ намекунад 03.03.2011 10:57
Созмони байнулмилалии Бунёди илму маориф ва фарҳанг- ЮНЕСКО эълом доштааст, ки ҳамкорӣ бо мақомоти Либияро қатъ мекунад.
Ирон бозиҳои олимпии 2012 – ро таҳрим мекунад, Тоҷикистон чӣ? 03.03.2011 10:20
Ирон ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба хотири рамзи нажодпарастии Олимпиада -2012 эътирози расмӣ кардааст.
Даъвои Қӯштеппагиҳоро суди маҳаллӣ қабул накард 03.03.2011 09:57
Гурӯҳе аз занони кӯчаи "Якуми Май"-и ноҳияи Рӯдакӣ ба намояндагӣ аз 80 хонавода дар ин ноҳия, ки қарор аст хонаҳояшон тахриб шавад, дар назди Суди олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон таҷаммӯъ карда ва аз амалкарди мақомоти маҳаллӣ шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, ки ҳеҷ додгоҳе шикояти онҳоро дар бораи тасмими тахриби ....
Мавҷи инқилобҳо ба Арманистон расид 02.03.2011 16:28
Рӯзи 1- уми март дар шаҳри Еревани Арманистон эътирози мухолифини ҳукумати кунунии баргузор гашт. Дар маркази шаҳр даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ омада, хостории раҳоии маҳбусони сиёсӣ аз зиндон ва истеъфои мақомоти кишвар, аз ҷумла, Тигран Саркисян-сарвазири Арманистон шудаанд.
Пешрафт дар ҳифзи саломатии модар: дар қоғаз ё дар ҳаёт?! 02.03.2011 13:54
Дар зарфи се соли ахир вазъи ироаи кумакҳои пизишкӣ ба модару кӯдак дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст. Коршиносони хориҷӣ пас аз баррасии кайфияти ироаи кумакҳои тиббӣ ба модару кӯдак дар 4 зойишгоҳи Тоҷикистон чунин натиҷагирӣ кардаанд. Тибқи иттилоъи манобеъи дафтари Сандуқи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон, ин пажӯҳиш ҳафтаи гузашта дар Пажӯҳишгоҳи парасторӣ ....
Маҷлиси намояндагон лоиҳаи як қатор қонунҳоро баррасӣ кард 28.02.2011 16:00
Имрӯз 28 феврали соли 2011 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Эҳтиёт! Тарма меояд 24.02.2011 10:53
Барфи баланд роҳро барои ҳаракати мошинҳо танг кардааст.
Пайванди бештари Душанбе бо Деҳлӣ 23.02.2011 10:03
Ширкати хусусии ҳавопаймоии "Ист Эйр" (East Air) парвозҳои доимии миёни Душанбе ва Деҳлиро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, парвозҳо ҳар рӯзи сешанбе анҷом мешаванд.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97