Абдуҷаббор Раҳмонзода: Духтари тоҷикро бубин!

Фарҳанг ва адаб 19.12.2020 15:59

  Рӯзи 17-уми декабри соли равон барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 5 нафар - Рухшона Норова - хонандаи синфи 8, Раъно Насриддинова – хонандаи синфи 11 (ҳарду аз шаҳри Панҷакент), Сарфарозиддин Иморуддинов – омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова – омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ ва Нӯшофарин Хидирова – омӯзгор аз шаҳри Истиқлол иштирок карданд, ки донишу ҷаҳонибинии довталабон аз рӯйи 5 номинатсия санҷида шуд.

  Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон соҳиби “Шоҳҷоиза”-и “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020 Раъно Насриддинова (хонандаи синфи 11, шаҳри Панҷакент) гардид. Ба ғолиби “Шоҳҷоиза” Диплом ва 60000 сомонӣ мукофоти пулӣ инъом шуд.

Шоми 18 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки ғолибон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо ишора ба барандаи ҷоизаи мехтари озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020 Раъно Насриддинова (хонандаи синфи 11, шаҳри Панҷакент) бо ифтихор гуфт: «Духтари тоҷикро бубинед, доно ва тавоно!»

Ва ба барандаи “Шоҳҷоиза” Диплом ва 60000 сомонӣ мукофоти пулӣ инъом кард.

Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 нафар иштирокчии фаъоли озмун ифтихорнома ва туҳфаи молӣ бо маблағи 1000 сомонӣ супорида шуд. Ҳамзамон, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 нафар иштирокчии фаъол, ки хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд, роҳхат барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода шуд ва  бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон се нафар бо нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор шуданд.

 Ёдовар мешавем, ки аз 7-ум то 15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд. Дар ин озмун  269 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат карданд.

 Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт.

 Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Норова (хонандаи синфи 8, шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи якум, Рухшона Афзалзода (ноҳияи Айнӣ), Саидамир Боқиев (шаҳри Душанбе), Шукрона Хуҷамқулова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Раҷабалӣ Абдусаломзода (ноҳияи Данғара), Меҳронаи Абдулло (ноҳияи Ховалинг) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Сарвиноз Саидова (донишҷӯи курси дуюми ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Ҷавоҳир Ашӯрова (шаҳри Хуҷанд), Сулаймони Аҳтам (ноҳияи Тоҷикобод), Султон Каримов (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Фархунда Шодиева (шаҳри Бохтар), Шаҳло Ёрмухамедова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Сарфарозиддин Иморуддинов (омӯзгор, шаҳри Хуҷанд) соҳиби ҷойи аввал, Оқил Осимӣ (шаҳри Бӯстон), Сиратулло Зоиров (шаҳри Душанбе), Дилафзун Раҳмонова (шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи дуюм, Раҳима Ҳидоева (ноҳияи Мастчоҳ), Меҳринисо Сатторова (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи аввал Диплом ва маблағи 30 000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20 000 ва 15 000 сомонӣ тақдим гардид.

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Бобозода (хонандаи синфи 11, ноҳияи Файзобод) соҳиби ҷойи якум, Собирҷон Саидзода (шаҳри Душанбе), Наргис Абдуллоева (шаҳри Ҳисор), Гулзода Шералиева (ноҳияи Айнӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммад Шарипов (шаҳри Душанбе), Зебунисои Азизиён (ноҳияи Деваштич) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шероз Бобохонов (донишҷӯи курси 2, ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Гулафзо Пирова (шаҳри Душанбе), Парвина Самандарзода (шаҳри Душанбе), Мадина Зоирова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Хосияти Шаҳобиддин (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Моҳинов Аҳмадзода (шаҳри Бохтар) соҳиби ҷойи дуюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Гулбаҳор Раҳимова (омӯзгор, ноҳияи Мастчоҳ) соҳиби ҷойи якум, Далерҷони Бозор (ноҳияи Муъминобод), Азамат Шамсиддинова (шаҳри Душанбе), Бахтинисо Низомова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Нилуфар Одинаев (ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), Хайрулло Ғафуров (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм шуданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Шоина Мабатқадамова (хонандаи синфи 5, ВМКБ) соҳиби ҷойи якум, Муҳиба Шарифова (ноҳияи Ҳамадонӣ), Сурайё Саидзода (шаҳри Душанбе), Нигора Раҳмонова (ноҳияи Файзобод) соҳиби ҷойи дуюм, Ҳадиса Муъминова (шаҳри Истаравшан), Мутриба Қурбонова (шаҳри Ваҳдат) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Фарзона Восиева (донишҷӯи курси сеюми ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Сайёҳат Маҳмадавлатова (ноҳияи Данғара) соҳиби ҷойи дуюм, Сорбон Бобоева (шаҳри Бохтар), Малика Мавлонова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Фарзона Темурзода (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Маҳмурод Раҳмонов (шаҳри Бохтар), Тоҷинисо Давлатова (шаҳри Бохтар) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Нозанин Саидзода (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Мадинаи Ҷамолиддин (шаҳри Душанбе), Самина Саидова (шаҳри Душанбе), Сайидо Шарапов (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Шарифамо Одинамамадова (шаҳри Хоруғ), Муродҷон Бойсаризода (шаҳри Исфара) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шабнам Одинаева (донишҷӯи курси дуюми ДМТ, шаҳри Душанбе), Хуршед Қурбонов (шаҳри Кӯлоб) соҳиби ҷойи якум, Дилфуза Аҳмадҷонова (шаҳри Душанбе), Нодира Ханҷарова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Мавлуда Атаджонова (шаҳри Левакант), Дилбар Тошматова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Нӯшофарин Хидирова (омӯзгор, шаҳри Истиқлол) соҳиби ҷойи якум, Рузигул Боякова (шаҳри Душанбе), Олга Ҷӯраева (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Маликахон Очилова (ноҳияи Дӯстӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Аҷикулло Ҳусейнов (ноҳияи Данғара), Зумрад Абдуллоева (шаҳри Ҳисор) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.

Дар номинатсияи шоирӣ Мафтуна Назарова (корманди нашрияи “Зарафшон”, шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи якум, Шобегим Маликова (шаҳри Душанбе), Шаҳноза Пирова (шаҳри Норак) соҳиби ҷойи дуюм ва Малоҳат Толибова (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) соҳиби ҷойи сеюм шуданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97