Эҳтимоли рафтани Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш

Хабари хуб 11.02.2011 02:22

Misr_05Тибқи иттилоъе, ки телевизиони давлатии Миср иброз доштааст, гуфта мешавад, пас аз чанд лаҳза муроҷиати Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ба ҳамватанонаш дар бораи истеъфояш бояд пахш шавад.

Тазоҳургарон интизор доранд, ки Муборак билохира дар бораи истеъфои худ иброз медорад ё ин ки масъулияти худро ба ноиби худ Умар Сулаймон хоҳад супурд.

Садҳо ҳазор тазоҳургарон дар майдони Таҳрир ҷамъ омадаанд, ки изҳороти таърихии раҳбари мисриро дар ҳамин майдон бишнаванд. Таърихи Миср ҳозир ва дар ҳамин ҷо рақам хӯрдаистодааст, мегӯяд яке аз тазоҳургарон.

Дар тайи се ҳафтаи ахир, ки тазоҳурот алайҳи ҳукумати Муборак идома дорад, қариб 300 нафар кушта ва зиёда аз 5 ҳазор ярадор шуданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97