Дар толори хурди Муҷтамаъи табъу нашри «Шарқи озод» рӯзи 2 март бо ибтикори нашрияи «Миллат» ва Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» Мизи гирд дар мавзӯъи «Оё воқеъан зарурате барои қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ҳаст?» баргузор гардид.
Дар он Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик ва собиқ муовини авали Сарвазири ҷумҳурӣ, Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, Ашӯрбой Имомов, номзади илми ҳуқуқ ва дар пешин раиси Суди конститутсионии кишвар, Масъуд
Собиров, иқтисоддон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Фирӯз Саидов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент, Ҷумъаи Мирзо, сардабири рӯзномаи «Нури зиндагӣ», Раҳмон Ҳафиз, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҳайдулло Абдуллоев, коршиноси масоили иҷтимоъӣ ширкат ва андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин рӯзи 4 март як дигар Мизи гирде бо ташаббуси «Миллат» ва «Афрӯз» сари мавзӯъи «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ: Зарурат ва мушкилот» роҳандозӣ шуд, ки дар кори он Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини авали раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон, Давлати Усмон, яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати ислом, корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ,
«Миллат»