Раиси Маҷлиси намоядагон Шукурҷон Зуҳуров дар рафти муҳокимаи тарҳи ислоҳот ба «Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон» аз афзоиши мавридҳои хароб шудани манзилҳои зист ва иншооти марбут ба сокинони кишвар, ки дар заминҳои обӣ бунёд шуда ва аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ вайрон мешаванд, изҳори ташвиш карда, таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд масъулин ва дастандаркорони ин амалҳоро ошкор ва ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки дар сурати мушаххас ва рӯшан кардани омилони чунин амалҳои ғайриқонунӣ, масъалаи ҷуброни хисороти расида ба шаҳрвандон низ набояд сарфи назар шавад. Ворид кардани ислоҳот ба «Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон», ки барои аъмоли заминфурӯшӣ ҷазои сангинтареро пешбинӣ мекунад. Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод намударо, ки дар он барои тақсими ғайриқонунии заминҳои обӣ муҷозоти сангинтаре пешбинӣ шудааст, тасдиқ намуданд.
Шукурҷон Зуҳуров бо онки қабули ин тарҳро дар амри ҷилавгирӣ аз тақсими ноодилона ва ғайриқонунии заминҳои обӣ муҳим арзёбӣ кард, ҳамзамон мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳоро аз омилини асосии ба вуҷуд овардани чунин мушкил дар бештари манотиқи кишвар арзёбӣ кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба унвони намуна аз сарнавишти печида ва норӯшани хонаводаи Рақибов дар ноҳияи Файзобод ёдовар шуд, ки имрӯзҳо бо хароб шудани манзили зисташ дар фасли сармо намедонад арзашро пеши кӣ бубарад. Шукурҷон Зуҳуров ин суханонро дар бадали сӯҳбатҳои Меъроҷиддин Ҳакимов, вакили Маҷлиси намояндагон, ки аз ноҳияи Файзобод дар парлумон намояндагӣ дошта ва бархе аз паҳлӯҳои тарҳи пешниҳодиро ба вакилон ташреҳ мекард, баён дошт.
Ёдовар мешавем, ки манзили зисти Атоулло Рақибов, як сокини ноҳияи Файзободро дар соли гузашта ба далели ба таври ғайриқонунӣ бунёд карданаш дар замини обӣ мақомот тахриб карда буданд. Ин дар ҳолест, ки Рақибов аснодеро дар даст дорад, ки барои сохтмони ин манзили зист мақомоти маҳаллӣ ба ӯ иҷоза додаанд.