Эҳтиёт! Тарма меояд

Хабари хуб 24.02.2011 10:53

TarmaБарфи баланд роҳро барои ҳаракати мошинҳо танг кардааст.

Вазорати нақлиёту иртибототи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи боридани барфи зиёд хатари резиши  тарма дар роҳҳои кӯҳистонии кишвар афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилоъи вазорати мазкур, махсусан дар қисматҳое аз роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар деҳаи Майхура, воқеъ дар 45-километрии шимоли шаҳри Душанбе, то нақби “Истиқлол” ва дар баъзе аз бахшҳои ағбаи Шаҳристон хатари резиши тарма вуҷуд дорад.

Бино ба иттилоъи идораи фаврии Вазорати нақлиёту иртибототи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 24 феврал қитаъоте аз роҳи иртиботии Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари резиши тарма баста шуда буд, поксозӣ шуда ва ҳаракати воситаи нақлиётӣ шурӯъ шудааст.

Ин манбаъ афзуд, ки ба далели баланд будани барф дар ду тарафи роҳ ҳаракати мошинҳо дар ин самт якҷониба буда ва тибқи ҷадвал як рӯз ҳаракат аз Душанбе ба ҷониби шаҳри Хуҷанд ва рӯзи дигар аз Хуҷанд ба Душанбе сурат мегирад.

Гуфта мешавад, дар бархе аз қисматҳои кӯҳистонии ин шоҳроҳ баландии барф беш аз 1 метр буда ва танҳо як мошин метавонад аз роҳ убур кунад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Бахтиёр Шарифов, корманди ин идора, ба сабаби хатари эҳтимолии резиши тарма аз соати 6-и шом то 8-и субҳ ҳаракати воситаи нақлиётӣ дар масири Душанбе-Хуҷанд мамнӯъ аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97