Пешрафт дар ҳифзи саломатии модар: дар қоғаз ё дар ҳаёт?!

Хабари хуб 02.03.2011 13:54

Дар зарфи се соли ахир вазъи ироаи кумакҳои пизишкӣ ба модару кӯдак дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст.

Коршиносони хориҷӣ пас аз баррасии кайфияти ироаи кумакҳои тиббӣ ба модару кӯдак дар 4 зойишгоҳи Тоҷикистон чунин натиҷагирӣ кардаанд. Тибқи иттилоъи манобеъи дафтари Сандуқи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон, ин пажӯҳиш ҳафтаи гузашта дар Пажӯҳишгоҳи парасторӣ ва гинекологияи шаҳри Душанбе ва зоишгоҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияи Ваҳдат ва шаҳри Хуҷанд анҷом шудааст. Наргис Раҳимова, ҳамоҳангсози ин дафтар, гуфтааст, ки ба дунболи кор гирифтан аз усули ҷадиди табобат, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тавсия шуда ва дар се соли ахир дар ин зоишгоҳҳо мавриди истифода буд, мизони маргу мири модарон бар асари хунравии пас аз таваллуд ва фишори баланд ба ҳангоми бордорию таваллуд ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

Зимнан, пажӯҳиши феълӣ таҳти раёсати Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Сандуқи Нуфуси СММ, Оҷонси Тавсеъаи Байналмилалии Амрико ва оҷонсии Ҳамкориҳои Байналмилалии Олмон анҷом шудааст.

Ба гуфтаи коршиносони созмонҳои беҳдошти байналмилалӣ, мизони маргу мири модару кӯдак дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соири кишварҳои узви Иттиҳодияи Кишварҳои Муштаракулманофеъ бештар буда ва ҳукумати кишвар бо мусоидат ва пуштибонии молии созмонҳои байналмилалӣ барои коҳиши ин арқом ва беҳбуди вазъи ироаи хадамоти беҳдоштӣ ба модарону кӯдакон талош мекунад.

Аммо ин ки ин таҳқиқ то куҷо воқеъбинона анҷом шудааст, ё танҳо бо такя ба омори коғазӣ, ки аз сӯйи ниҳодҳои тандурустии кишвар пешниҳод шудааст, суолест матраҳ, ки посухи онро зимни муаррифии расмии ин гузориш интизор хоҳем шуд.

Бо умеди тансиҳатии тамоми модарон!

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97