Ширкати хусусии ҳавопаймоии "Ист Эйр" (East Air) парвозҳои доимии миёни Душанбе ва Деҳлиро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, парвозҳо ҳар рӯзи сешанбе анҷом мешаванд.
Аммо Деҳлӣ мақсади охирини ин парвозҳо нест, балки ҳавопаймоҳои ин ширкат сафари худро аз Деҳлӣ ба кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ идома хоҳанд дод.
Арзиши билети яктарафа дар масири Душанбе-Деҳлӣ барои мусофирон аз 310 то 450 доллар аст.
Қаблан ширкатҳои мухталиф талошҳои номуваффақе барои роҳандозии парвозҳои доимӣ дар ин масир анҷом дода буданд. Асосан камбуди мусофир дар ин масир боиси баста шудани ин парвозҳо шудааст. Аммо ширкати "Ист Эйр" барои рӯбарӯ нашудан бо камбуди мусофир дар масири "Душанбе-Деҳлӣ" тасмимҳои лозимеро дар ин замина рӯйи даст гирифтааст.
Тибқи иттилоъи масъулони ширкати "Ист Эйр", парвозҳо ҳар рӯзи сешанбе дар соати 9:40 тавассути як ҳавопаймои Боинг-737 анҷом мешаванд ва дар оянда бо афзоиши мусофирон имкон дорад ин парвозҳо тавассути ҳавопаймои Аэробус-320 анҷом шаванд.
Дар авохири моҳи ноябри соли гузашта Асит Кумар Бҳаттачарҷӣ, сафири Ҳинд дар Душанбе, ваъда дода буд, ки парвозҳои мустақим аз ин шаҳр ба Деҳлӣ оғоз мешаванд, ва акнун ин ваъда ба ҳақиқат табдил шуд.
Масъулони сафорати Ҳинд аз оғози ин парвозҳо истиқбол карда, таъкид карданд, ки барои густариши беш аз пеши тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Ҳинд низ муҳим хоҳад буд.
Ба гуфтаи масъули фарҳангии сафорати Ҳинд дар Душанбе, дар ҳоли ҳозир молҳое, ки аз Ҳинд ба Тоҷикистон ворид мешавад, асосан иборат аз дору ва васоили компютерӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки то ҳол тоҷирон ин борҳоро тавассути Кобул бо истифода аз ширкати ҳавопаймоии "Помир Эйр" ба Тоҷикистон меоварданд, аммо акнун онҳо метавонанд бо истифода аз парвозҳои мустақими ширкати "Ист Эйр" аз вақт ва роҳпулии худ сарфаҷӯӣ кунанд.
Сафорати Ҳинд дар Душанбе дар баёнияе дар бораи роҳандозии парвозҳои доимии Душанбе-Деҳлӣ овардааст: "Ин парвозҳо ба ҷуз такони ҷиддӣ дар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бо дастрасии одитари мардумони Тоҷикистон ва Ҳинд ба кишварҳои ҳамдигар равобити таърихии миёни ду мардумро низ қавӣ хоҳад кард.