Таъқиби журналист дар Кӯлоб

Хабари хуб 08.03.2011 16:39

Orzu

Баҳриддин Сангмадов, хабарнигори нашрияи “Пажвок” дар Кӯлоб таҳти таъқиб қарор гирифт.

Ӯ ба ҳангоми аксбардорӣ дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки манзараи дарахтбуриро аккосӣ мекард, мавриди таъқиб қарор гирифт. Баҳриддин Сангмадовро як нафар корманди донишгоҳ ва баъдан милисаи нигаҳбони донишгоҳи мазкур ба дохили бинои маъмурӣ дароварда, он ҷо наздики ним соат нигоҳ доштаанд.

Ба гуфтаи Баҳриддин Сангмадов, ӯ ҳангоми иҷрои вазифаи хидматиаш ҳолати буридани дарахтони назди донишгоҳро аккосӣ мекардааст, ки ӯро як нафар бо лаҳни тунд ба сӯи худ хондааст. Баҳриддин мегӯяд: “Чун ман корамро идома додан гирифтам, он нафар, ки баъдан маълум шуд, Сафаров Ватан ҷойнишини ректор оид ба хоҷагидорӣ будааст, бо садои баланду лаҳни тунд ба ман хитоб карда фармуд, ки ҳамроҳаш ба бинои маъмурӣ дохил шавам. Чун ман ҳамроҳаш рафтан нахостам, ӯ бо як асабонияти махсус аз гиребонҳоям маҳкам дошта, ҳудуди даҳ қадам кашола карда бурд. Баъдан милисаи нигаҳбони донишгоҳ ҳам ба ӯ ҳамроҳ гашта, ҳарду маро ба дохили бинои маъмурӣ дароварданд. Бар асари ин гиребонгириҳо таги каши остинҳои куртка ва жемпирам даридааст. Аз ман бо исрор суол мекарданд, ки чаро аз онҳо иҷозатнома нагирифтаам. Ман ҳайрон шудам, наход буридани дарахтҳои боғи донишгоҳро парлумон ба рӯихати сирҳои давлатӣ дохил карда бошад? Баъди таҳдиду тундгӯиҳои зиёд боз ду нафар милисаи дигарро ба он ҷо даъват карданд. Чун диданд, ки аз рӯйи қонун маро муттаҳам карда наметавонанд, ҷавобам доданд”.

Дар баррасии ин қазия милисаи нигаҳбон ва ҷойнишини ректор Сафаров нахостанд расман дар сабти диктафонӣ изҳори назар кунанд. Ҳатто Нуралӣ Солеҳов, ректори донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ, ки бо либосҳои варзишӣ дар назди даромадгоҳи бинои маъмурӣ ҳозир буд, ба суоли хабарнигорон дар мавриди сабаби боздошти журналист расман чизе гуфтан нахостааст.

Зимнан, дар Кӯлоб ҳамчунин иттифоқоте нав нест ва соли 2009 журналисти телевизиони Кӯлоб Худоёри Валиро дар бинои колеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб як масъули раёсати маорифи вилояти Хатлон латукӯб намуда будааст.

Ин ҳам иттифоқест, ки дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик сурат гирифтааст. Чӣ ҳадяе?!

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97