Даъвои Қӯштеппагиҳоро суди маҳаллӣ қабул накард

Хабари хуб 03.03.2011 09:57

Qushtepa.05Гурӯҳе аз занони кӯчаи "Якуми Май"-и ноҳияи Рӯдакӣ ба намояндагӣ аз 80 хонавода дар ин ноҳия, ки қарор аст хонаҳояшон тахриб шавад, дар назди Суди олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон таҷаммӯъ карда ва аз амалкарди мақомоти маҳаллӣ шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, ки ҳеҷ додгоҳе шикояти онҳоро дар бораи тасмими тахриби хонаҳояшон қабул намекунад.

Ба гуфтаи онҳо, ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ иддао дорад, ки хонаҳои онҳо дар маҳаллаи Қӯштеппаи кӯчаи Якуми Май ғайриқонунӣ сохта шуда ва бояд тахриб шаванд. Аммо сокинони ин маҳал ин иддаоро рад мекунанд.

Субҳи рӯзи ҷумъа сокинони ин маҳалла дар пушти дарвозаҳои худ "номаҳои бидуни имзо" дарёфт кардаанд, ки дар он ҳукумати маҳаллӣ аз онҳо хостааст, то 5 марти соли ҷорӣ манозили худро хароб кунанд.

Дар ин нома омадааст, ки дар сурати ғайр ин манозил рӯзи 5 март тавассути мошинҳои булдозер аз сӯйи кормандони марбут тахриб хоҳанд шуд.

Qushtepa.06Тӯхтахон Саъдуллобекова, яке аз сокинони "Қӯштеппа" гуфтааст, то 5 март, яъне то замони муқараргардидаи мақомоти маҳаллӣ барои тахриби хонаҳо вакти кам мондааст ва аксари сокинони ин маҳалла аз шиддати нороҳатӣ ва асабоният бемор шудаанд.

Дар оғози ҳафтаи гузашта деворҳои атрофии хонаҳо дар ин маҳалла тахриб шуда буданд. Ин амр сабаби ҷамъ омадан ва эътирози гурӯҳе аз сокинони маҳалла дар назди бинои раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта шуда буд.

Ин афрод гуфтаанд, шикояти онҳо ба президент ба гуфтаи масъулони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба додситонӣ ирсол шудааст, аммо натиҷаи он ҳанӯз маълум нест.

Хонум Саъдуллобекова гуфтааст, ки Суди олӣ шикояти онҳо алайҳи амалкарди ҳукумати ноҳияи Рӯдакиро қабул накард, зеро гуфтааст, ки шикоят бояд нахуст дар сатҳи суди ноҳиявӣ баррасӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Саъадуллобекова суди ноҳияи Рӯдакӣ аз қабули ин шикоят ҳанӯз ду рӯзи қабл, бо далели номаълум сарпечӣ кардааст.

Ба гуфтаи сокинони ин маҳал ҳар хонаводае барои бунёди манзили худ ҳудуди 50 ҳазор доллор масраф кардааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар ин бора ҳануз ибрози назаре накардааст. Гуфта мешавад, бархе аз намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар бо сокинони ин ноҳия мулоқот анҷом додаанд, вале натиҷаи ин мулоқот ҳануз рӯшан нест.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97