Заминларзаи шадид дар Ҷопон

Хабари хуб 11.03.2011 19:56

Sunami_01Рӯзи ҷумъа дар пайи заминларзаи наздик ба 9-баллӣ, мавҷи 10-метрии тсунамӣ ба соҳилҳои шимолушарқи Ҷопон осеб расондааст.

Ин сангинтарин зилзила дар таърихи Ҷопон буда, мақомоти Ҷопон мегӯянд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ беш аз 60 нафар ҳалок ва чандин тани дигар бенишон шудаанд. Бархе гузоришҳо бо такя ба пулиси Ҷопон ҳокии кашф шудани то 300 ҷасад дар соҳилҳои шимолушарқи ин кишвари ҷазираист.
SunamiМаркази огаҳӣ аз тсунамӣ дар Ҳавай аз имкони чунин тӯфон дар тамоми ҳавзаи Уқёнусия ҳушдор дода, сарвазири Ҷопон Наото Кан гуфтааст, зилзила «харобиҳои бузург» ба ҷо гузошт. Мақомот дар пайи хароб шудани дастгоҳҳои сардкунанда дар нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима ба мардум амр додаанд, манотиқи атрофи нирӯгоҳро тарк кунанд. Аммо ба гуфтаи мақомот, аз ин нирӯгоҳ ягон навъ радиатсия хориҷ нашудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97