Ирон бозиҳои олимпии 2012 – ро таҳрим мекунад, Тоҷикистон чӣ?

Хабари хуб 03.03.2011 10:20

olympic_london_2012Ирон ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба хотири рамзи нажодпарастии Олимпиада -2012 эътирози расмӣ кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, масъулини Кумитаи миллии олимпии Ирон аз он ки аз рамзи Бозиҳо, ки гӯё рақами 2012 навишта шудааст, вожаи "Zion" - Сион хонда мешавад, изҳори нигаронӣ кардаанд.

"Zion" (Саҳун -"Сион") - номи Байтулмуқаддас (Иерусалим) ва рамзи анъанавии яҳудҳост, ки дар Библия чунин омадааст.

Дар нотае, ки бо имзои Баҳром Афшорзода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Ирон ирсол шуда, оварда шудааст: " Бидуни шак, саҳлангорӣ дар ин масъала аз сӯйи мубтакирони ин Бозиҳо бойиси он мегардад, ки он кишварҳое, ки ба арзишҳои худ эҳтиром қоиланд, бо шумули Ирон, аз ширкат дар Бозиҳои олимпии - 2012 даст бикашанд. Ирон ҳамчунин аз дигар кишварҳои мусулмонӣ даъват кардааст, ки дар ин эътироз шарик шаванд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳамзамон монандии рамз ё эмблемаи олимпи бо калимаи "Сион" (Саҳун)- ро рад кардааст. Дар кумитаи тадорукотии Бозиҳои Лондон аз он изҳори таҳайюр кардаанд, ки ин рамз соли 2007 муаррифӣ шудаааст ва чаро маҳз ҳоло ин эътироз сурат гирифтааст, ва таъкид кардаанд, ки ба ғайр аз соли 2012 рақами "2012" ҳеч маъние намедиҳад.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин қазия чӣ иқдом хоҳад кард: Ба Лондон барои бозӣ зери ин рамз хоҳад рафт ё на?

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97