Имрӯз 28 феврали соли 2011 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мо иттилоъ дод, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи нафт ва газ» ва Дар бораи Созишнома оид ба интиқоли байнисарҳадии шахсон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо дар доираи Ҳамкории Иқтисодии Минтақавии Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
Дар Шӯро ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» муҳокима шуданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, Маҳмадалӣ Ватанов ва дигар аъзои Шӯро зимни суханрониҳои худ роҷеъ ба масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида иброз доштанд, ки раванди рӯ ба рушди арсаи қонунгузории кишвар тақозо мекунад, ки қонунҳо ва дигар санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузориҳои дигар ҷумҳуриҳо, созмон ва ташкилоти байналмилалӣ мутобиқ гардонида шаванд, аз ин рӯ, ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳои мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон низ қабули қонунҳои сатҳи байналмилалӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қисме аз масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида барои баррасӣ ва муҳокима ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва қисми дигар барои баровардани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.