99 соли матбуоти тоҷик: Аз “Бухорои шариф” то имрӯз
11-уми март ба шарафи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар тақвимҳои кишвар ҳамчун Рӯзи матбуот дарҷ шудааст.
"Бухорои шариф", ба истилоҳи имрӯза, “ҷамъиятиву сиёсӣ” буд, ки ҳадафаш бо як забони фаҳмо барои аксари мардуми Бухоро, яъне ба тоҷикӣ, гуфтани аҳволи он замон буд...
Бино ба омори расмии Вазорати фарҳанг, масъули муҳосибаи ҳарсолаи расонаҳои Тоҷикистон, феълан дар майдони матбуоти тоҷик беш аз 400 расона, бо шумули 268 рӯзнома, 136 маҷалла ва 8 хабаргузорӣ расман амал мекунанд. Албатта, аксари онҳо ба сурати моҳномаву гоҳнома ва дар беҳтарин сурат ҳафтаӣ нашр мешаванд.
Ҳамагӣ дар ним соли пеш “Имрӯз Нюс” - нахустин нашрияи ҳаррӯза дар 20 соли истиқлоли Тоҷикистон ба ин майдон омад, вале ба маҳзи имконоти маҳдуди шабакаҳои фурӯши матбуот ин рӯзнома асосан дар пойтахт, Душанбе ба фурӯш меравад.
Аммо чаро 11 март?
Рӯзи матбуот дар замони Шӯравӣ 5-уми май, рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии “Правда” буд. Дар соли 1994 парлумони кишвар 11-уми мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон кард.
Аммо чаро 11 март? Қироншоҳи Шарифзода, устоди бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик, мегӯяд: “То аз ҷониби давлат қабул шуданаш, ду пешниҳод баҳс мешуд. Як пешниҳод 11 март – зодрӯзи “Бухорои шариф”-ро Рӯзи матбуоти тоҷик бипазирем. Ва дуввум пешниҳод зодрӯзи “Бедории тоҷик”(“Ҷумҳурият”-и имрӯза)-ро, ки 15 марти соли 1924 аст. Ва дар ниҳоят, соли 1994 парлумони Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба Қонуни рӯзҳои ид 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфт.”
Нахустшумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад.
Ҷаноби Шарифзода мегӯяд, муҳаққиқони тоҷик аз 153 шумораи “Бухорои шариф” танҳо ду шумораи аввалашро ба истилоҳ “бо даст палмосида” ва мутолиаву таҳқиқ кардаанд. Ӯ мегӯяд, ин як нашрияи, ба истилоҳи имрӯза, “ҷамъиятиву сиёсӣ” буд, ки ҳадафаш бо як забони фаҳмо барои аксари мардуми Бухоро, яъне ба тоҷикӣ, гуфтани аҳволи он замон буд. Албатта, дар чаҳорчӯбе, ки шароити он аҳд имкон медод.
Асосгузор Мирзомуҳиддин будааст
Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд, яке аз асосгузорони “Бухорои шариф” Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.
Мирзомуҳиддин дар аҳди аморат ба тиҷорати пахта ва пӯсти қароқул машғул буд ва ҳатто аз лиҳози дороӣ, ба гуфтаи Садриддини Айнӣ, танҳо амир Олимхон бар ӯ пешдаст будааст. Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, азбаски амири Бухоро бидуни ризоияти элчихона ё сафорати Русия ҳаққи даст задан ба умури сиёсиро надошт, муҷаввизи “Бухорои шариф”-ро бо ваъдаи мусоидат ба равобити тиҷории Русияву аморати Бухоро аз ҳамин сафоратхона дарёфт карданд.
Муҳаққиқи тоҷик меафзояд, аммо дар ҳар сурат, дар "Бухорои шариф" ҷанбаи сиёсӣ бештар буд, то тиҷорӣ: “Ва азбаски матбаа дар Когон буд ва мудираш Левини яҳудӣ, ӯро бо ваъдаи даромади фаровон ба чопи “Бухорои шариф розӣ карданд. Рӯзнома чизи катбист ва аз ин рӯ онҳо ҳадафҳои сиёсӣ доштанд, вале азбаски замона аҳдофи сиёсиро намебардошт, он равшанфикрони Бухорон зери чунин баҳонаҳо рӯзнома сохтанд. Вале шумораҳои баъдӣ собит сохт, ки аҳдофи сиёсӣ дар “Бухорои шариф” назар ба аҳдофи тиҷорӣ бештар аст, зеро аз 4 саҳифааш дар формати А3 фақат якеаш эълону рекала буд, ки ба забони русӣ чоп мешуд.”
Аммо “Бухорои шариф” умри зиёд надид ва аллакай дар 1-уми январи соли 1913 аз байн рафт. Фақат дар соли 1918 як гурӯҳи коммунистони Бухоро нашри маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб”-ро ба тоҷикӣ ба роҳ андохтанд, ки низ баъд аз чанд шумора мутаваққиф шуд, то дар соли 1924 “Овози тоҷик”, ки феълан ҳам дар Тошканд бо ҳамин ном нашр мешавад, ва “Иди тоҷик”-у “Бедории тоҷик”, пешгузаштаҳои “Ҷумҳурият”-и кунунӣ, вориди майдон шаванд.