Мавҷи инқилобҳо ба Арманистон расид

Хабари хуб 02.03.2011 16:28

ArmanistonРӯзи 1- уми март дар шаҳри Еревани Арманистон эътирози мухолифини ҳукумати кунунии баргузор гашт. Дар маркази шаҳр даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ омада, хостории раҳоии маҳбусони сиёсӣ аз зиндон ва истеъфои мақомоти кишвар, аз ҷумла, Тигран Саркисян-сарвазири Арманистон шудаанд.

Баъд аз гирдиҳамоӣ мухолифини ҳукумат дар хиёбонҳои Ереван раҳпаймоӣ карданд. Бино бар хабаргузории “Armenia Today” ҳукумат қушунҳои иловагии милитсия ва мошинҳои ҷангиро ворид  ба пойтахти кишвар намудаанд.

Петросян гуфтааст, ки дар сурати қабули пешниҳодҳои мухолифин тайёр аст, ки бо ҳукумат музокира намояд. Дар интиҳои сухангӯии хеш ҳушдор дода аст, ки ҳамоиши навбатӣ рӯзи 17 -уми март сурат хоҳад гирифт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97