Созмони байнулмилалии Бунёди илму маориф ва фарҳанг- ЮНЕСКО эълом доштааст, ки ҳамкорӣ бо мақомоти Либияро қатъ мекунад.
Дар баёнияи ин созмон гуфта шудааст, ки ҳамкорӣ замоне аз сар гирифта хоҳад шуд, ки дар Либия ба ҳуқуқҳои мардум арҷ мегузоранд.
ЮНЕСКО ин қарори худро бо қабули қатъномаи ахири Шӯрои амнияти СММ марбут кардааст, ки дар он нақзи ҳуқуқи башар дар Либия маҳкум шуда буд.