Хабари хуб

Дар миёни 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон Кабирӣ ҳам ҳаст 04.12.2013 21:19 Дар миёни 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон Кабирӣ ҳам ҳаст
Дар феҳристи имсоли 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон исми Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ омадааст.

Саломатӣ мехоҳед, сабзаҷот истеъмол кунед 25.11.2013 15:42
Сабзаҷот (барғалат кабудӣ мегӯем - ред.) дар ҷараёни пухта шудан тақрибан тамоми арзиши ғизоии худро аз даст медиҳанд; аз ин рӯ беҳтар аст онҳоро ба сурати хом ва тоза истеъмол кард.
Путин дар телефон ба Рӯҳонӣ гуфт: Ҳанӯз фурсат ҳаст 23.11.2013 14:42
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Ирон, гуфтааст, ки ҳанӯз фурсати воқеъӣ барои ҳалли бунбасти байналмилалӣ, ки дар музокирот ба барномаи ҳастаии Ирон пеш омада, вуҷуд дорад.
Бозрасии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз сӯи олмониҳо 22.11.2013 14:38
Низомиёни Олмон фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро бозрасӣ хоҳанд кард. Дар ин бора як масъули ҳавзаи низомии марказии Русия дар як нишасти матбуъотӣ хабар додааст.
Баҳои "Арӯси тоҷик" дар Чин 14 миллион доллар 21.11.2013 16:10
Рӯзи шанбе асари наққошии Дзин Шанъӣ-наққоши чинӣ, ки Арӯси тоҷик ном дорад, 14 миллион доллар ба фурӯш рафт.
Миср бадтарин кишвари арабӣ барои занон 18.11.2013 16:53
Натоиҷи як таҳқиқ нишон медиҳад Миср бадтарин кишвари араб дар заминаи риояти ҳуқуқи занон аст. Бино ба иттилои Би-би-сӣ нооромиҳои Миср, ки ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак ва Муҳаммад Мурсӣ боис шуд, бо афзоиши чашмгири хушунат ба хусус алайҳи занон ҳамроҳ будааст.
Заҳрпошӣ дар консерти репсароёни тоҷик дар Маскав 15.11.2013 14:41
Масъулони барномаи лағвшуда мехоҳанд, аз "амлакарди ношоистаи кормандони толори Москва Ҳолл ба додгоҳ шикоят баранд. Гузоришҳои расида аз Маскав дарак медиҳанд, ки барномаи консертии репсароёни тоҷик дар яке аз толорҳои ин шаҳр ба далели олуда шудани ҳавои толор бо газ ба ҳам задааст.
Бензин дар Тоҷикистон гаронтар аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ 14.11.2013 16:05
Дар Тоҷикистон, ки ахиран бо афзоиши қимати маводи сухт (бензин) рӯ ба рӯ шудааст, гаронтарин бензин дар муқоиса бо тамоми пойтахтҳои кишварҳои минтақа шинохта шудааст.
Фурӯдгоҳи Душанбе бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз мешавад 13.11.2013 22:30
Ширкати "ЮТэйр-Лизинг" ба воридоти таҷҳизоти вижа, аз ҷумла автобусҳо, зинапояҳои худгард барои ҳавопаймоҳо, тракторҳо, камарбандҳои ноқили бор ва ғайраҳо барои таъмини сервиси муосир ба фурӯдгоҳи Душанбе оғоз кардааст.
Давлати Куба: Кинотеатрҳои хусусӣ баста шаванд 11.11.2013 16:28
Давлати Куба дастур додааст, ки даҳҳо кинотеатр ва толори бозиҳои видиюии хусусӣ дар он кишвар баста шаванд.
Реҷабандии барқ ба корзори интихобот сардӣ овард 07.11.2013 16:06
Маҳдудият дар интиқоли нируи барқ ба минтақаҳои Тоҷикистон дар кор-зори таблиғотии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ мушкил эҷод кардааст.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97