Фурӯдгоҳи Душанбе бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз мешавад

Хабари хуб 13.11.2013 22:30

LizingШиркати "ЮТэйр-Лизинг" ба воридоти таҷҳизоти вижа, аз ҷумла автобусҳо, зинапояҳои худгард барои ҳавопаймоҳо, тракторҳо, камарбандҳои ноқили бор ва ғайраҳо барои таъмини сервиси муосир ба фурӯдгоҳи Душанбе оғоз кардааст.

Интизор меравад то баҳори соли оянда ин ширкат ҳудуди 50 адад васоили фаннии муосир барои фаъолияти ин фурудгоҳи байналмиллалӣ ворид кунад.

"ЮТэйр" мегӯяд, ки фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз шарикони аслии ин ширкати ҳавоӣ дар минтақа аст ва воридоти таҷҳизоти вижа ба маблағи ҳудуди 6 миллион евро имкон хоҳад дод, ки ироъаи сервиси муосир барои мусофирон беҳтар шавад.

Масъулони фурӯдгоҳи Душанбе мегӯянд, ки воридоти ин таҷҳизот ба сурати қарз сурат гирифта ва фурӯдгоҳ то мӯҳлати муъайян ин маблағро бозпас хоҳад дод.

Ба гуфтаи ин манобеъ, воридоти таҷҳизот аз моҳи гузашта шуруъ шуда ва то ҳол фурӯдгоҳи Душанбе чанд адад автобус, зинапояҳои худгард барои ҳавопаймоҳо ва тракторҳо дарёфт кардаанд.

Зимнан, ширкати "ЮТэйр-Лизинг" як ниҳоди вобаста ба ширкати ҳавоии "ЮТэйр" аст ва дар бозори ширкатҳои қарздиҳии Русия аз эътибори болое бархурдор аст.

"ЮТэйр-Лизинг" дар муҷаҳҳазсозии фурӯдгоҳҳои "Внуково"-и шаҳри Маскав, "Емеляново", Сургут, Минералние Води, Омск, Томск ва Уфа нақши асосӣ доштааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97