Дар Тоҷикистон, ки ахиран бо афзоиши қимати маводи сухт (бензин) рӯ ба рӯ шудааст, гаронтарин бензин дар муқоиса бо тамоми пойтахтҳои кишварҳои минтақа шинохта шудааст.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз шабакаи телевизионии Мир, дар маказҳои фуруши маводи сӯхти Душанбе як литр бензин бо қимати 1 доллару 31 сент фурухта мешавад, ки як моҳ қабл каме арзонтар буд.
Тибқи хабаргузорӣ, дар муқоиса бо нархи литри бензин дар кишварҳои дигар Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо нархи гароне маводи сухти лозимаро ба фуруш гузоштааст. Аз ҷумла тибқи навиштаи ин пойгоҳ, дар муқоиса бо Остона, Бишкек, Тошканд ва Ашқобод Тоҷикистон қимати литри бензинро 50 сент гаронтар ба савдо мондааст.
Вале дар ин маврид коршиносон сабаби гаронии бензин дар Тоҷикистонро, ки имрӯзҳо гарон шудаааст, ба вобаста будани ин кишвар ба сухти воридотӣ унвон кардаанд.
Ба ақидаи онҳо 80 дарсад аз маводи сухти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад ва тавлиди сухти дохилӣ низ ночиз аст.
Вале мудири Маркази ғайридавлатии бозори озод дар Тоҷикистон муътақид аст, ки чун ин кишвар узви Иттиҳоди гумрукӣ нест, наметавонад аз имтиёзи ворид намудани сухт истифода кунад ва далели афзоиши қимати бензин низ ба ин мавзуъ иртибот дорад.
Бар асоси гузориши масъулони тоҷик, ба далели гарон будани қимати бензин дар кишвар, нисфе аз мошинҳои фаъол аз газ истифода мекунанд.