Додгоҳ ба айбдоркунандаи давлатӣ то 4-уми декабр муҳлат додааст то мавқеи худро дар робита ба парвандаи Зайд Саидов муайян кунад. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба айбдоркунандаи давлатӣ то аввалҳои моҳи декабр муҳлат дод, ки назари худро дар робита ба парвандаи Зайд Саидов мушаххас кунад ва дар мурофиаи навбатӣ баён дорад.
Пурсиши шоҳидони парвандаи Зайд Саидов дар додгоҳи ахир ба анҷом расид ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ то 4 декабр дар баррасии парвандаи Зайд Саидов танаффус эълон кардааст.
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки дар мурофиаи ахир Фаррух Муҳиддинов, собиқ вазири нақлиёт ва муовини сарвазири Тоҷикистон бо даъвати вакилони мудофеъ ҳамчун шоҳид ширкат карда, аз Зайд Саидов пуштибонӣ намудааст. Ҳамчунин котибаи Зайд Саидов низ аз тарафи додрас пурсида шуд.
Ҳафтаи гузашта вакилони дифоъи Зайд Саидов дар ҷараёни муҳокимаи парванда гашти азиме доштанд ва аснодеро ба додгоҳ ва хабарнигорон пешниҳод карданд, ки бино ба иддаъои ин вакилон муфаттиши Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ҳуҷҷати шиносоии падарӣ ё ДНК, ки аз сӯи Маркази таҳқиқотии «БиоПапа» дар Русия дода шудааст, тақаллуб кардаанд. Аммо Фирӯз Холмуродов, роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов, дар суҳбат бо Азия Плюс тақаллубӣ будани ташхиси аввалияи генетикиро қатъиян рад намуда, гуфтааст, имкони қалбакӣ сохтани чунин санад вуҷуд надорад. Ӯ гуфтааст, бо ташхиси дуюми генетикӣ, ки аз ҷониби вакилони дифои Зайд Саидов гузаронда шудаасту тақаллубӣ будани ташхиси аввалияро нишон медиҳад, шинос нест. Ӯ афзудааст, айни ҳол ҳарду ташхис дар дасти додрас буда, баҳои ҳуқуқиро ба онҳо танҳо додгоҳ медиҳад.
Ҳамчунин Додситони кул иддаъои вакилони мудофеъи Зайд Саидовро дар мавриди аз тариқи телевизионҳои давлатӣ ғайриқонунӣ намоиш додани саҳнаи рӯ ба рӯ созии зерҳимояи онҳо ба ноболиғе, ки иддаъо дорад, таҷовуз шудааст, рад карда, гуфтааст, ки ҳеч амали ғайриқонунӣ дар он дида намешавад. Ин дар ҳолест, ки муҳокимаи парвандаҳои Зайд Саидов пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз 12-уми сентябр ба ин сӯ идома дорад ва хабарнигорон ба он роҳ дода намешаванд.
Зайд Саидов бар асоси 8 моддаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст ва ҳам таҷовузи як ноболиғи дигар, ки 14 сол син доштааст, муттаҳам дониста шудааст. Аммо худи ӯ тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» шурӯъ шудааст.