Саломатӣ мехоҳед, сабзаҷот истеъмол кунед

Хабари хуб 25.11.2013 15:42

sabzavot bikhuredСабзаҷот (барғалат кабудӣ мегӯем - ред.) дар ҷараёни пухта шудан тақрибан тамоми арзиши ғизоии худро аз даст медиҳанд; аз ин рӯ беҳтар аст онҳоро ба сурати хом ва тоза истеъмол кард.

Меваҳо ва сабзавот маводи ғизоии тоза барои шаффофсозии пуст бисёр муассир ва аз пирии зудрас низ ба шиддат пешгирӣ мекунанд, зеро дорои миқдори зиёди антиоксид ҳастанд.

Бисёре аз рангдонаҳои кимиёие, ки дар меваҳо, сабзавот ва сабзаҷот мавҷуд ҳастанд, хосияти антиоксидии бисёр зиёде доранд ва аз вайроншавии ҳуҷайраҳо ба шиддат пешгирӣ мекунанд .Онҳо радикалҳои озоди мавҷуд дар бадан, хусусан дар пустро, ки дар тамос бо муҳити атроф аст, фалаҷ мекунанд ва монеъи амалкарди харобкоронаи онҳо мешаванд .

Барои дарёфти антиоксиди кофии мавҷуд дар мева ва сабзаҷот  лозим аст,то ки онҳо ба шакли хом хӯрда шаванд, зеро ҳарорат ва нигаҳдорӣ дар яхдон аз мизони антиоксид ба шиддат кам мешавад. 

Албатта ҷуворимакаро метавон ба сурати пухта ва ё обпаз  мавриди истифода қарор дод.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97