Маҳдудият дар интиқоли нируи барқ ба минтақаҳои Тоҷикистон дар кор-зори таблиғотии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ мушкил эҷод кардааст.
Бино ба иттилои Би-би-сӣ иддаъе аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ гуфтаанд, роҳандозии реҷабандӣ дар интиқоли нируи барқ ба хонаҳои мардум дар ноҳияҳои Тоҷикистон ба корзори таблиғоти интихоботӣ монеъ эҷод кардааст.
Исмоил Талбаков, номзади Ҳизби коммунист ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт, дар пайи ҷорӣ шудани реҷабандӣ бештари сокинони минатақаҳои рустоии Тоҷикистон аз имкони ошноӣ бо барномаи номзадҳо ва сӯҳбатҳои онҳо аз тариқи телевизиён ё радиё маҳрум шудаанд.
Аммо И. Талбаков реҷабандиро як амри ногузир хонда, зеро ба гуфтаи ӯ камбуди об дар обанбори ниругоҳи Норак давлати Тоҷикистонро маҷбур карда, интиқоли нируи барқро танзим кунад.
Ӯ гуфтааст, ба иллати реҷабандии нируи барқ шабакаи телевизиёни давлатии Тоҷикистон метавонад ва бояд сӯҳбатҳо ва барномаҳои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро панҷ шаш маротиба пахш кунад.
Сайидҷаъфар Исмонов, номзади Ҳизби демократ ба мақоми раиси ҷумҳурӣ гуфтааст, ки ҳадди ақал бояд то рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ реҷабандии интиқоли нируи барқ ҷорӣ намешуд. Ӯ гуфта: "Дар 7 сол як бор интихоботи президентӣ мешавад, боз барқро хомӯш мекунанд. Дар 5-6 рӯзи то интихобот оби Норак тамом намешавад."
Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Комисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) дар мавриди ҷорӣ шудани реҷабандӣ дар интиқоли нируи барқ ба минтақаҳои рустоӣ ибрози беиттилоъӣ кардааст. Додоев гуфтааст, корзори таблиғотии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ бидуни мушкил идома дорад ва то ҳол аз ҳеч номзад дар ин замина шикояте ба КМИР ворид нашудааст.
Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, тибқи иттилоъи расмӣ дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 6 ноябри соли ҷорӣ дар сартосари Тоҷикистон интиқоли нируи барқ қатъ нахоҳад шуд.
Реҷабандӣ дар интиқоли нируи барқ ба минтақаҳои Тоҷикистон дар 26 октябри соли ҷорӣ шуруъ шуда ва он замон дар як шабонарӯз ба сокинони ноҳияҳои кишвар ба муддати 15 соъат нируи барқ дода мешуд.
Аммо аз рӯзи ҷумъаи 1 ноябр ширкати "Барқи тоҷик" мизони интиқоли нируи барқро ба минтақаҳои рустоии Тоҷикистон то 9 соъат дар як шабонарӯз коҳиш дод.
Манобеъи ширкати "Барқи тоҷик" далели ин амрро "сарфаҷӯйии обу энержӣ ва таъмини беҳтари мардум бо нируи барқ дар фасли сармо" унвон кардаанд. Масъулони ин ширкат гуфтанд, маҳдудият дар интиқоли нируи барқ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов сурат нахоҳад гирифт.
Аммо ахиран ширкати "Барқи тоҷик" эълом кардааст, ки ба муносибати Рӯзи Қонуни асосӣ ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки қарор аст рӯзи 6-уми ноябр баргузор гардад, нируи барқ бидуни маҳдудият ба тамоми минтақаҳои кишвар дода хоҳад шуд. Ва рӯзи 7-уми ноябр боз таъминоти нируи барқ тибқи реҷаи муқарраршуда ба ноҳияҳои кишвар аз сар гирифта хоҳад шуд.