Хабари хуб

Барои интихобот КМИРТ 2 миллион доллар сарф кардааст 05.11.2013 19:59 Барои интихобот КМИРТ 2 миллион доллар сарф кардааст
Бо поёни раванди таблиғу ташвиқоти номзадҳо, масъулони КМИР мегӯянд, тамоми хароҷоти ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо истифода аз маблағҳои буҷа сурат мегирад.

Марди иронӣ баъди ба дор кашидан зинда мондъ 29.10.2013 10:46
Афви Байналмиллал ё Amnesty International аз мақомоти Ирон хостааст, ки нақшаи ба дор кашидани мардеро, ки пас аз дор кашида шуданаш зинда мондааст, канор бигзорад.
Зайд Саидов мегӯяд дар "спектакл" дигар иштирок намекунам 26.10.2013 16:29
Вакилони мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда, ба нишони эътироз алайҳи нақзи қонуни расидагӣ ба ҷароими ин кишвар толори додгоҳро тарк кардаанд.
Оғози рӯзҳои синамои Лаҳистон дар Душанбе 25.10.2013 15:55
Дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои Лаҳистон оғоз мешавад. Ин филмҳо дар кохи Ҷомӣ-и шаҳри Душанбе аз 23-ум то 26-уми октябр намоиш дода мешаванд.
Тоҷикистон боз 554 миллион $ қарз мегирад 24.10.2013 17:56
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми октябр барномаи давлатии қарзгирии берунаро барои солҳои 2014-2016 ба тасвиб расонд, ки дар доираи он 554 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ аз хориҷ қарз гирифта хоҳад шуд.
Баҳси 1 млрд. $-и гумшуда дар марзи Тоҷикистон ва Чин 23.10.2013 22:52
Бино ба иттилои хабаргузори «Озодагон», як миллиард доллар фарқ миёни маълумоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳаҷми додугирифти мол миёни ин ду кишвар баҳси доғеро дар Маҷлиси Намояндагон ба по кард.
Задухӯрд миёни навҷавонон дар Душанбе 19.10.2013 16:37
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи ноболиғон ба иттиҳоми даст доштан дар авбошӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
"Гунаҳкори" ошӯб дар Маскав боздошт шуд 18.10.2013 16:06
Пулиси Маскав мегӯяд, фарди муттаҳам ба қатли як ҷавони русро боздошт кардааст, ки куштори ӯ сабаби ошӯби хушунатомез алайҳи муҳоҷирон шуд.
Як зоири нобино дар Мадина бино шуд 16.10.2013 21:55
Фотима Алмоҳӣ, зоири солманди судонӣ, дар масҷиди ҳазрати Муҳаммад (с) воқеъ дар шаҳри Мадина, дубора қудрати биноии худро боз ёфт.
Хонаи "Дости бурут"-ро ғорат карданд 12.10.2013 16:27
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни шарҳи ҳодисаи ҳамла ба хонаи Дӯстмурод Ҳакимов, сокини ноҳияи Файзобод ба хабарнигори «Миллат» гуфт, ки гуруҳи кории махсуси ин вазоратхона ба бозпурсии афроди ҳамлавар оғоз кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки шаби 8 ба 9 октябр як ....
Сохти лазерҳои ҳушманд барои аввалин бор 11.10.2013 15:34
Лазерҳои ҳушманд, ки тавоноии кор дар дараҷаҳо ва мавҷҳои муҳимро дорад, тавассути муҳаққиқони Иёлоти Муттаҳида сохта шуд.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97