Баҳои "Арӯси тоҷик" дар Чин 14 миллион доллар

Хабари хуб 21.11.2013 16:10

arusi tojik 1Рӯзи шанбе асари наққошии Дзин Шанъӣ-наққоши чинӣ, ки Арӯси тоҷик ном дорад, 14 миллион доллар ба фурӯш рафт.

Бино ба гузориши хабаргузории  "Синхуа"-и Чин, дар 20 соли ахири намоишгоҳҳои фурӯши осори наққошӣ ба чунин арзиш ба фурӯш рафтани асари наққошӣ рекорд ба шумор меравад.

Дар оғоз ин асарро 9 миллион юан эълон карданд, вале саранҷом арзиши он то ба 85,1 миллион юан боло рафт. Ба ин тартиб Арӯси тоҷик гаронтарин асари наққошии Дзин Шанъӣ ба шумор меравад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97