Путин дар телефон ба Рӯҳонӣ гуфт: Ҳанӯз фурсат ҳаст

Хабари хуб 23.11.2013 14:42

rouhani and putinВладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Ирон, гуфтааст, ки ҳанӯз фурсати воқеъӣ барои ҳалли бунбасти байналмилалӣ, ки дар музокирот ба барномаи ҳастаии Ирон пеш омада, вуҷуд дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Ирон, ҳам дар ин муколама зимни ташаккур аз мавзеъгирии Русия дар нишасти Женев гуфтааст: "Дар музокироти ахир пешрафтҳои хубе ҳосил шуда буд, вале бояд ҳама ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки зиёдахоҳиҳо метавонад масири тавофуқи бурд-бурдро бо душвориҳое рӯбарӯ кунад"

Оқои Рӯҳонӣ таъкид кард, ки "набояд шароите эҷод шавад, ки дар иродаи тарафайн барои касби тавофуқ ва расидан ба натиҷа халале эҷод шавад."

Бино ба иттилои Би-би-сӣ, ин тамоси телефонӣ дар ҳоле сурат гирифта, ки қарор аст даври баъдии музокироти Ирон ва Гурӯҳи 5+1 рӯзи чаҳоршанбе (20 ноябр) дар Женев баргузор шавад.

Дар баёнияи Кохи Кремлин дар мавриди ин тамоси телефонӣ гуфта шуда, ки авзоъи Сурия аз ҷумлаи меҳварҳои муколама будааст.

Бар асоси ин баёния, руасои ҷумҳури ду кишвар ҳимояти худро аз талошҳои анҷомшуда барои баргузории конфронси сулҳе бо ширкати ҳама гурӯҳҳои даргир дар Сурия эълом карданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ҳам рӯзи шанбе (16 ноябр) дар гуфтугӯе телевизиёнӣ гуфта буд, ки набояд "шонси хеле хуберо", ки барои дастёбӣ ба тавофуқномае муқаддамотӣ миёни Ирон ва қудратҳои ҷаҳон бар сари барномаи атомии он кишвар вуҷуд дорад, аз даст дод.

С. Лавров дар посух ба суоле дар мавриди муваффақиятомез будани музокирот дар Женев гуфт: "Дидгоҳи муштараки мо ин аст, ки шанси хеле хубе вуҷуд дорад, ки набояд аз даст биравад."

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид карда буд, ки гомҳое, ки бояд барои ором кардани авзоъ ва эҷоди заминаи лозим барои тавофуқи ниҳоӣ бардошта шавад, ҳам барои Ирон ва ҳам кишварҳои 5+1 рӯшан аст.

Ба гуфтаи С. Лавров нуктаи муҳим ин аст, ки бояд ин мавзеъҳо ба дурустӣ ва бо эҳтироми мутақобил бар рӯйи коғаз навишта шавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97