Давлати Куба дастур додааст, ки даҳҳо кинотеатр ва толори бозиҳои видиюии хусусӣ дар он кишвар баста шаванд.
Давлат гуфтааст, ки оғози фаъолияти хусусии ин маконҳо ҳеч вақт таъйид нашуда буд ва идораи бунгоҳҳои тиҷории ғайридавлатӣ бояд таҳти назми хосе дарояд.
Куба, ки тавассути як давлати коммунистӣ идора мешавад, ахиран бархе маҳдудиятҳои эъмолшуда алайҳи бахши хусусиро рафъ кардааст.
Бо ин ҳол бархе афрод бо истифода аз муҷаввизи ресторан ё дигар муҷаввизи тиҷорӣ иқдом ба таъсиси ғайрирасмии кинотеатр ва маконҳои фароғатии дигаре карда буданд.
Эъломияи давлат, ки дар рӯзномаи расмии Гронмо чоп шудааст, ҳикоят аз он дорад, ки фаъолияти хусусӣ дар бахши синамо ва бозиҳои компютерӣ бояд билофосила қатъ шавад. Давлат ҳушдор дода, ки нақзи муқарраротро таҳаммул нахоҳад кард ва бар тасмими худ барои эъмоли назм дар бахши хусусӣ побарҷо аст.
Бар асоси эъломияи давлати Куба тасмим ба назорат бар синамо ва толорҳои бозиҳои компютерӣ "қадаме ба ақиб" набудааст ва давлат ҳамчунон дар ислоҳ ва пешбурди модели иқтисодии кишвар кушо хоҳад буд.
Раул Кастро, раиси ҷумҳури Куба, ки дар соли 2008 ҷонишини бародари худ Фидел шуд, бархе аз маҳдудиятҳои иқтисодии эъмолшуда алайҳи фаъолиятҳои тиҷории хусусиро лағв кардааст. Ӯ иҷоза дода, ки бахши хусусӣ дар заминаҳое мисли дузандагӣ, таксиронӣ ва ресторандорӣ фаъол шавад.
Бо ин ҳол давлат ҳамчунон корфармои 79 дарсади нируи кории Куба аст. Нируи кори он кишвар ҳудуди панҷ миллиён нафар тахмин зада шудааст.
Амалҳое аз ин бархурди давлат аз пеш вуҷуд доштааст ва вазорати фарҳанги он кишвар аз "бемуҳтавоии" филмҳои мавҷуд, ки асосан амрикоӣ ҳастанд, интиқод карда буд.
Бар асоси омори давлатии Куба беш аз 400 ҳазор нафар дар он кишвар шуғли ғайридавлатӣ доранд, ки ҳудуди 100 ҳазор нафар аз онҳо коркунони коргоҳҳои иқтисодии хурд ҳастанд.