Додгоҳи вилояти Суғд дар Хуҷанд рӯзи 27 ноябр аризаи шикоятии хабарнигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро баррасӣ карда, ҳукми қаблиро бетағйир гузошт. Ба ин тартиб, ҳукми додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ, ки нисбати Муҳаммадюсуф Исмоилов 11 соли зиндонро раво дида буд, ҳамчунон боқӣ монд.
Садриддин Саидов, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" рӯзи 27-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки имрӯз Додгоҳи вилояти Суғд аризаи шикоятии онҳоро баррасӣ намуда ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳро дар нисбати зерҳимояаш бетағйир гузошт.
Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 октябр дар ноҳияи Ашт хабарнигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард
Парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 250 қисми 2 (тамаъҷӯӣ) ва 247 қисми 2 (қаллобӣ) ба додгоҳи ноҳияи Ашт дар таърихи 23-юми сентябр ирсол шуда буд.
Вакили дифоъ Садриддин Саидов гуфт, ки бо ин муборизаи онҳо барои бозбинӣ шудани ҳукми журналист хотима намеёбад ва онҳо ният доранд, ба додгоҳи зинаи болоӣ - Додгоҳи назоратии вилояти Суғд шикоят бубаранд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳоло 53 сол дорад. Вай соли 2010 бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир боздошт шуда, баъдан, бо қарори суд, баъди қариб як соли боздошт озод шуда буд. Ду соли ахир Муҳаммадюсуф Исмоилов асосан бо фурӯши рӯзномаҳо машғул буд. Муҳаммадюсуф Исмоилов 24-уми июн дар пайи шикояти як зан бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуда буд.