Хабари хуб

Вазири баҳрайнӣ ба форсизабонон тавҳин кард 24.08.2013 13:52 Вазири баҳрайнӣ ба форсизабонон тавҳин кард
Вазири иттилорасонӣ ва сухангӯи давлати Баҳрайн, дар вокуниши асабӣ ба назароти мухолифи худ, корбарони пойгоҳи иҷтимоии твиттерро, ки ба сиёсатҳои саркубгаронаи Оли Халифа муътаризанд, инсонҳое бад-забон номид ва онҳоро ба мӯш ташбеҳ ....

Интернети мобилӣ пайваст мекунад 16.08.2013 11:42
8 августи соли  2013. Бо ёрии интернети мобилӣ аз ширкати "МегаФон" модар ва фарзанде, ки тӯли ду сол ҳамдигарро надида буданд, тавонистанд тариқи тамоси видеоӣ бо ҳам суҳбат кунанд.
Раҳматилло Зойиров: Муҳоҷирон аввалтар аз ҳама инсонанд 15.08.2013 11:59
   Номаи раиси ҲСДТ ба Додситони генералии Русия Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар баробари фишорҳои навбатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ба унвони додситони кулли Русия ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи Русия ба таври расмӣ муроҷиатнома фиристодааст.
МЧС, лоақал мурдаҳоро дарёб! 15.08.2013 11:45
Муддати се рӯз аст, ки ҷасади ҷавони 18-солаи дар кӯли Варзоб ғарқшударо пайдо карда наметавонанд.Тавре ки ба ОИ "Азия-Плюс" шоҳидони ҳодисаи фоҷеабор хабар доданд, Абдурашид Абдуллоев рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар ин кӯл ғарқ шудааст, вале маъмурияти кӯл дар ихтиёри худ ҳатто қаиқе надорад, ки ба ҷустуҷӯ машғул гардад. "Муддати се ....
Пеш аз Иди Фитр мири Хуҷанд собиқадоронро аёдат кард 13.08.2013 09:05
Дар пешорӯи Иди Рамазон раиси шаҳри Хуҷанд бо вазъи зиндагии собиқадорон ва афроди барӯманди шаҳр аз наздик ошно гардид. Тавре аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар додаанд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Каримов ба аёдати омӯзгори собиқадор Ҳақиқатхон Насруллоеваи 88-сола,  рассом ва дӯзандаи моҳир, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд,   Зулфия ....
Таърихро барои сабақ гирифтан меомӯзанд! 12.08.2013 14:32
Вазорати корҳои дохилииТоҷикистон дар сайти расмии худ барои алоқамандони таҳсили интизомӣ дар Туркия озмун эълом кардааст. Дар ин сайт омадааст, ки афроди баранда дар ин озмун тибқи қарордоди миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия дар Фарҳангистони Пулиси Туркия таҳсил хоҳанд кард. Танҳо шароити ширкат дар ин озмун донистани ҳатмии забони туркӣ ....
Мақомоти Суғд мегӯянд, дар фикри Иди картошка ҳастанд 10.08.2013 11:18
Яке аз муовинони раиси вилояти Суғд, ки рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарии раёсати кишоварзӣ суҳбат мекард, гуфт, онҳо дар фикри ташкили Иди картошка мешаванд. Ба қавли Аҳмадҷон Қобилов, чунин пешниҳод ба онҳо ироа шудааст ва онро баррасӣ намудаву сипас хулосаи худро хоҳанд гуфт. "Бо супориши ҳукумат охири моҳи оянда иди ....
Сафари Фармондеҳи ситоди марказии артиши ИМА ба Тоҷикистон 09.08.2013 16:53
Хабаргузории "Авесто" навишт, ки фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Лойд Ҷей Остини сеюм рӯзи 29 июл бо як сафари шиносоӣ вориди Душанбе шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар ҳукумат гуфтааст, ки қарор аст, генерали амрикоиро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур бипазирад. Ба гуфтаи ин манбаъ, шояд дар ин дидор ....
"Генплан"-и нави пойтахт тасдиқ шуд: Кӯч бандед 05.08.2013 10:44
Ҳукумати шаҳри Душанбе Нақшаи куллии пойтахт ё  "Генплан"-и пойтахтро бар асоси нақшаи ширкати «Гипрогор»- и Маскав оид ба консепсияи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ»-и маркази пойтахт, тасдиқ кард. 
Вой: Бе пардохти боҷ таҷҳизоти ТВ форсизабононро раҳо намекунанд 05.08.2013 09:20
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, то боҷи гумрукии таҷҳизот барои телевизиони мушта-раки форсизабонон пардохт нашавад, ин ни-ҳод иҷозати вуруди онҳоро ба Тоҷикистон нахоҳад дод.Неъмат Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ин талабот дар доираи қонунгузории кишвар мебошад: "Дилхоҳ моле, ки тавасути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ворид мешавад, мавриди андозбандӣ сурат ....
"Ҳисор-3000 сол" Заргарони тоҷик ба Китоби рекордҳои Гиннес довталабӣ доранд 03.08.2013 10:14
Заргарони тоҷик ният доранд, ки соати кабинетии "Ҳисор-3000"-ро, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 3000-солагии ноҳияи Ҳисор сохта мешавад, барои номнавис шудан дар Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кунанд.Тавре ки ба ОИ "Азия-Плюс" заргар-кандакор Михаил Галанов хабар додааст, соати мазкур ҳамчун ягона маснуъоти заргарӣ дар саросари ҷаҳон аз нуқраи озмоиши дараҷаи 900 ....
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97