Дар миёни 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон Кабирӣ ҳам ҳаст

Хабари хуб 04.12.2013 21:19

KabiriДар феҳристи имсоли 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон исми Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ омадааст.

Дар бахши сиёсии ин феҳрист номи Кабирӣ дар канори Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Ирон ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, зикр шудааст.

Дар ин феҳрист дархост аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои афви зиндониёни ҷанги дохилӣ ва эътои ҷоиза ба варзишгарони қаҳрамони Бозиҳои Олимпии Лондон аз ҷумлаи хидматҳои Муҳиддин Кабирӣ дар бахши иҷтимоъӣ унвон шудааст.

Ҳамчунин, Кабирӣ тавонистааст як ҳизби нируманди мухолифи давлатро аз хатари эҳтимолии таҷзия наҷот диҳад ва тавассути рушду тағйири ҲНИТ теъдоди бештари аъзоро ба ин ҳизб ҷалб кунад.

Дар феҳристи соли гузаштаи 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон, ки аз ҷониби Маркази мутолеъоти стротегии Аммон дар Урдун таҳия шудааст, исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дарҷ шуда буд.

Дар радаҳои аввали феҳристи соли ҷорӣ дуктур Шайх Аҳмад Муҳаммад Ал-Тайиб, донишманди улуми исломии Миср, Абдулло бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, Оятулло Алӣ Хоминаӣ, раҳбари Эрон, ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ҷой гирифтаанд.

Феҳристи 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон аз соли 2009 ба ин сӯ дар ҳамкорӣ бо Маркази Шоҳзода Ал-Валид бин Талали Донишгоҳи шаҳри Ҷурҷ Тоуни Амрико мунташир мешавад.

Гуфта мешавад, аз миёни уламои исломӣ, чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ ва раҳбарони давлатҳо, ки дар эътиқоду эътимод ва ғояҳои мусалмонон асар гузоштаанд ва ё барои беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоъии мусалмонон хидмат кардаанд, ҳамасола 500 мусалмони қудратманди ҷаҳон интихоб мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97